Омори "такондиҳандаи" кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз мавориди қатли номусӣ

  • 9 Июн, 2013
Симо Самар
Image caption Симо Самар, раиси Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар авомили ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва равониро заминасози ин хушунатҳо донист

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон аз сабти чаҳорсад мавриди "қатли номусӣ" ва таҷовузи ҷинсӣ дар дафотири худ дар зарфи ду соли гузашта хабар додааст.

Масъулони ин кумиссиюн ин оморро "такондиҳанда" хонда ва гуфтаанд, ки ҳассосияти шадиди суннатӣ боъис шуда, ки мавориди зиёде аз ин гуна хушунатҳо "кетмон" шавад ва ба сабт нарасад.

Симо Самар, раиси Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар авомили ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равониро заминасози ин хушунатҳо донист.

Хонуми Самар гуфт, ки боло рафтани омор дар ин маврид Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башарро бар он дошт, ки барои мушаххас кардани мизони мавориди қатли номусӣ ва таҷовузи ҷинсӣ таҳқиқ дар манотиқи мухталифи Афғонистонро оғоз кунад.

Гузориши кумиссиюни ҳуқуқи башар

Раиси кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар ҳадафи ин таҳқиқро таҳлил ва баррасии ин маъзали иҷтимоӣ, ҳимоят аз қурбониён ва ба додгоҳ кашондани омилон он хонд.

Сурайё Субҳранг, раиси бахши умури занони ин кумиссиюн тавзеҳ дод ки дар ду соли гузашта беш аз 240 мавриди қатли номусӣ ва беш аз 160 мавриди таҷовузи ҷинсӣ дар саросари Афғонистон дар дафотири ин ниҳод сабт шудааст.

Хонуми Субҳранг гуфт, ки ин кулли омори ин хушунатҳо нест, балки мавориди бисёре дигар аз суи хонаводаҳо пинҳон нигаҳ дошта мешавад.

Ёфтаҳои ин таҳқиқ ҳокӣ аст ки ин қатлҳо бештар ба далели иртибот доштани занон ва духтарон бо мардони бегона, фирор аз хона, тан надодан ба издивоҷи иҷборӣ ва ибрози алоқа ва тақозои издивоҷ аз суи духтар сурат гирифтааст.

Дар гузориши кумиссиюн омилони 43 дарсади қатли номусӣ номушаххас аст ва омилони 57 дарсади дигар аъзои хонавода монанди шавҳар (21 дарсад) , бародар (8 дарсад), падар (5 дарсад), бародари шавҳар, модар, зани амӯ ва сойири наздикон будаанд.

Дар ин гузориш омада: "Роиҷтарин навъи қатли номусӣ бинобар заминаҳо ва авомили пешини он, қатле аст ки ба хотири иртиботи ҷинсии хориҷ аз ақди издивоҷ сурат мегирад. Додаҳои қазоёи қатли номусии таҳқиқи миллӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди 50 дарсади ин қазоё ба хотири иртибот бо як марди бегона ва "мубодират ба амали зино" иттифоқ афтодааст."

Гузориш афзуда: "Гоҳе масоиле, ки ҳеҷ иртиботи илзомӣ бо 'иртиботи ҷинсии машруъ 'ва ҳатто таҷовузи ҷинсӣ' надоранд, сирфан бо як суизанни комилан шахсӣ ва бидуни санад нисбат ба занон метавонад мунҷар ба қатли номусӣ шавад. Масалан фирори занон аз хонавода, ҳарчанд мутобиқи қавонини Афғонистони ҷурм нест, вале гоҳе мунҷар ба қатли номусӣ мегардад."

Бар асоси ин гузориш "қатли номусӣ чун тавассути вобастагони наздик ва аъзои хонаводаи қурбонӣ сурат мегирад, ҳассосиятҳо дар муқобили он бисёр шадид аст ва талош мешавад, ки дар даврони равобити хонаводагӣ ба фаромушӣ супурда шавад ва аз нашр ва пахши иттилоъот дар мавриди он парҳез шавад."

Дар гузориши кумиссиюни ҳуқуқи башар нисбати омилони 65 дарсади таҷовузи ҷинсӣ бо қурбониёни номушаххас ва ҳудуди 35 дарсади дигар аз наздикони қурбониён зикр шудааст, касоне монанди падар (4 дарсад), бародар (2 дарсад), аму (1 дарсадدرصد) ва ҳамсоя (10 дарсад).

Ба гузориши ин кумиссиюн дар бисёре аз маворид ниҳодҳои қазоӣ қурбониёни таҷовузи ҷинсиро муҷрим дониста ва маҳкум ба муҷозот кардаанд.

Image caption Дар гузориши кумиссиюни ҳуқуқи башар омада, ки бисёре аз хушунатҳо алайҳи занон бар асоси нигариши ҷинсӣ нисбат ба занон тавҷеҳ мешавад

Кумиссиюн ҳамчунин гузориш дода аст ки омилони наздик ба 15 дарсад аз маҷмуъи қатлҳои номусӣ ва таҷовузи ҷинсӣ маъмурони пулис будаанд.

Ба гуфтаи масъулони ин кумиссиюн қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ маъмулан афроди фақир ва камдаромад ҳастанд.

Дар гузориш омада, ки беш аз 90 дарсади мавориди сабтшудаи қатл ва таҷовузи ҷинсӣ ба ниҳодҳои қазоӣ ирҷоъ шуда ва баррасии ду сеюми онҳо аз назари қурбониёне, ки бо онҳо мусоҳиба шуда, ризоятбахш будааст.

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар барои коҳиши мавориди хушунат алайҳи занон пешниҳод кардааст, ки дар ростои ҳокимияти қонун ва ба вижа қонуни манъи хушунат алайҳи занон талошҳои бештаре сурат гирад ва додгоҳҳои хонаводагӣ дар ҳамаи вилоятҳо ташкил шавад.

Нависандагони гузориш таъкид кардаанд, ки "ҷурмангории қатли номусӣ ба унвони мисдоқе аз қатли амд ва таъини муҷозоти мутаносиб бо он барои муртакибони ин ҷурм" бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Матолиби муртабит