Карзай: Агар хориҷиҳо дар раванди сулҳи Афғонистон дахолат кунанд, расво мекунем

  • 30 Май, 2013
Image caption Карзай: Агар хориҷиҳо бо мо ба роҳ нараванд ва манфиъати Афғонистонро дар назар нагиранд, мо роҳи дигареро дар пеш мегирем ва боз бо шумо ҳарф мезанем ва расво мекунем

Раиси ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ки мардуми ин кишвар сулҳ мехоҳанд ва давлат низ бадиққат ба ин самт дар ҳаракат аст.

Вай дар айни ҳол афзудааст, ки дар раванди музокироти сулҳ хориҷиҳо ба дунболи манофеъи худ ҳастанд ва дар раванди сулҳи Афғонистон мудохила мекунанд.

Ҳомиди Карзай ҳушдор дод: "Агар хориҷиҳо бо мо ба роҳ нараванд ва манфиъати Афғонистонро дар назар нагиранд, мо роҳи дигаре дар пеш мегирем ва боз бо шумо ҳарф мезанем ва расво мекунем."

Ӯ, ки бо намояндагони Шӯрои ҳамбастагии миллии Афғонистон суҳбат мекард, хитоб ба Толибон гуфт, ки дар раванди сулҳ мушорикат кунанд ва ба хориҷиҳо иҷозаи дахолат дар ин равандро надиҳанд.

Оқои Карзай бо ишора ба ин ки хориҷиён аз номи Толибон сӯистифода мекунанд, афзуд: "Ҳар рӯз хориҷиҳо меоянд ва номае аз одреси Толибон меоваранд. Толибон набояд фиреби хориҷиёнро бихӯранд ва фарзанди ин кишварро бояд дар оғӯш бигиранд, зеро боъиси ранҷҳои фаровон барои онон шудаанд."

Дар имзои паймон бо НОТУ ва Омрико аҷала надорем

Ҳомиди Карзай дар бораи имзои паймони истротежик бо Омрико ва Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) гуфт, ки мо барои имзои паймон бо онон аҷала надорем ва бодиққат ва эҳтиёт ҳаракат мекунем.

Вай дар идома тасреҳ кард, ки "хориҷиҳо аз мо пойгоҳи низомӣ мехоҳанд, вале мо ҳам пешшартҳое дорем, ки таъмини сулҳ, тақвияти сохторҳои давлатӣ ва иқтисоди кишвар аз ҷумлаи пешшартҳои Афғонистон мебошад."

Карзай афзуд, ки давлати Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба ин ки расонаҳо , мардум ва соҳибназарҳо исрор доранд, ки ин қарордод зудтар имзо шавад, вале давлат бодиққат дар ин замина ҳаракат мекунад, то монади қарордоди "Гандумак" боъиси бадбахтии кишвар нашавад. Ба ҳамин далел давлат ботадбир ва ҷуръат дар ин росто гом бармедорад.

Ишораи Ҳомиди Карзай ба муъоҳидаи байни Афғонистон ва Бритониё дар ҳудуди яксаду чиҳил сол пеш аст, ки ҳаққи ҳокимияти миллии Афғонистонро бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ сохт.

Раиси ҷумҳури оянда чи кунад?

Карзай бо таъкид бар ин ки баргузории интихобот дар соли 1393 як амри ҳатмӣ аст, гуфт, ки раиси ҷумҳури оянда бояд тамоми мардуми Афғонистонро ба як дид бингарад.

Ӯ афзуд, ки раиси ҷумҳури ояндаи Афғонистон бояд дилу ҷуръати онро дошта бошад, ки зери бор ва фишори хориҷиҳо наравад. Ба озодии матбуъот эҳтиром бигзорад, зеро матбуъот ба унвони чароғи равшан барои назорат бар эъмоли давлати лозим мебошад, агарчи баъзе аз авқот "нураш беш аз ҳад ва озордиҳанда мешавад."

Раиси ҷумҳур аз мардуми Афғонистон хост, ки дар интихоби номзадҳои раёсати ҷумҳурии оянда диққат кунанд ва монанди кишварҳои Омрико ва соири кишварҳои тавсеъаёфта ба барномаҳои онон барои ояндаи Афғонистон таваҷҷуҳи лозимро намоянд.

Карзай афзуд, ки худ баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ агар раиси ҷумҳурии баъдӣ аз ӯ мушовара хост, ҳамкорӣ хоҳад кард ва дар ғайри он дар хона хоҳад нишаст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон чанде қабл низ эълом кард, ки Омроико хостори эҷоди нуҳ пойгоҳ дар Афғонистон аст ва шуморе дигар аз кишварҳои узви НОТУ низ мехоҳанд дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ дошта бошанд.

Сафорати Омрико дар Кобул суханони Ҳомиди Карзай дар марвиди пойгоҳҳое низомии Омрико дар Афғонистон баъд аз 2014-ро нодуруст донист.

Матолиби муртабит