Нерӯҳои афғон уҳдадори таъмини амният дар саросари Афғонистон шуданд

  • 18 Июн, 2013
сарбози афғон
Image caption Афғонистон сесаду панҷоҳ ҳазор нерӯи низомӣ дорад

НОТУ раҳбарии кулли амалиётҳои низомиро дар маросими вижае расман ба нерӯҳои амниятии афғон вогузор кард.

Дар ин маросим, ки зери унвони интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ва раҳбарии кулли амалиётҳои низомӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон, дар Кобул баргузор шуд, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, мақомҳои аршади давлатӣ, дабири кулли НОТУ ва фармондеҳи умумии нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳузур доштанд.

Ҷараёни маросими интиқоли раҳбарии амалиётҳои низомӣ аз НОТУ ба нерӯҳои афғон аз тариқи телевизиюни давлатии кишвар ба сурати зинда пахш шуд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин маросим гуфт, ки аз фардо нерӯҳои афғон тамоми амалиётҳои низомиро дар саросари Афғонистон ба танҳоӣ ва бидуни нақши нерӯҳои хориҷӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

Дар маросими интиқоли раҳбарии амалиётҳоии низомӣ аз НОТУ ба нерӯҳои амниятии афғон теъдоди зиёде аз афсарони артиш, сарбозони пулис ва кормандони амнияти миллии Афғонистон низ ҳозир буданд.

Оқои Карзай дар ин маросим аз нерӯҳои амниятии Афғонистон хост, ки ҳангоми фаъъолиятҳои низомӣ дар рустоҳои кишвар ба ҷуз мавориди интиқоли захмиҳо "таҳти ҳиҷ шароите" аз амалиётҳои ҳавоӣ истифода накунанд.

Ҳукумати Афғонистон дар солҳои ахир, ки масъулияти роҳандозии амалиётҳои шабона ва ҳамалоти ҳавоӣ ба дӯши нерӯҳои НОТУ буд, пайваста аз роҳандозии ин амалиётҳо интиқод кардааст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар мавриди имзои қатъномаи амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико гуфт, ки Афғонистон тавофуқномаҳои амниятиро бо таваҷҷуҳ ба манофеъи миллии худ имзо мекунад. Ӯ гуфт, ки паймонҳои амниятӣ ва истротежик бояд мубтанӣ бар ҳокимияти миллӣ ва тақвияти нерӯҳои афғон имзо шавад.

Дуктур Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ дар ин маросим гуфт, ки дар ҳоли ҳозир амнияти саросари Афғонистон зери назари нерӯҳои пулис, артиш ва амнияти миллии Афғонистон аст. Оқои Аҳмадзай ҳамчунин гуфт, ки афсарони артиш, сарбозони пулис ва кормандони амният ду шаб аст, ки нахобидаанд.

Ӯ афзуд, ки бо хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон вазъияти амниятии кишвар беҳтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз сад ҳазор нерӯи низомӣ дар чорчӯби НОТУ ва Ойсоф (ISAF) дар Афғонистон машғули маъмуриятҳои низомӣ ҳастанд.

Лаҳазоте қабл аз оғози маросими интиқоли раҳбарии фаъолиятҳои низомӣ аз НОТУ ба нерӯҳои афғон инфиҷоре дар ғарби Кобул хабарсоз шуд. Дар ин рӯйдод се нафар кушта шуданд ва ҳудуди бист нафар захм бардоштанд.

Барномаи ҷадид ва мутафовит

Дар маросими интиқоли раҳбарии амалиётҳои низомии НОТУ ба сарбозони афғон Ондрес Фу Росмусен, дабири кули НОТУ гуфт, ки НОТУ ва муттаҳидони байналмилалии Афғонистон барномаи ҷадид ва мутафовитеро барои ояндаи Афғонистон тарҳрезӣ кардаанд.

Image caption Дабири кулли НОТУ аз пешрафтҳои нерӯҳои амниятии афғон ситойиш кард

Дабири кулли НОТУ гуфт, ки ин тарҳ "Ҳимояти қотеъ" ном дорад ва ҳадафи он "машваратдиҳӣ ба нерӯҳои амниятии афғон, омӯзишҳои пешрафтаи низомӣ ва ёрии ин нерӯҳо аст." Ӯ гуфт Афғонистон на имрӯз ва на ҳам дар оянда ҳеч гоҳ танҳо гузошта нахоҳад шуд.

Оқои Росмусен афзуд чолишҳо дар ҷараёни раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба сарбозони афғон вуҷуд дошта, ки дар оянда низ вуҷуд хоҳанд дошт.

Дабири кулли НОТУ гуфт: "Имрӯз ҳадафи муштараки мо таҳаққуқ ёфт, мо ҳанӯз ҳам кори сахт ва душворе то ҳаждаҳ моҳи оянда дар пеш дорем ва бояд дастовардҳои худро тасреъ бубахшем ва баъд аз 2015, ки фасли дигаре оғоз мешавад, бояд дастовардҳои худро ҳифз кунем ва онро густариш диҳем."

Оқои Росмусен дар идомаи суҳбатҳои худ афзуд, ки барои ояндаи беҳтар дар Афғонистон таъаҳҳудоте супурда шудааст, ки бояд амалӣ шавад.

Ӯ гуфт, ки ҳукуматдории беҳтар, мубориза бо фасод, риъояти ҳуқуқи башар ва ҳамчунин баргузории интихоботи демукротик ва шаффоф дар соли оянда нақши муҳимме дар идомаи таъаҳҳудоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон хоҳад дошт.

Афғонистон дар соли ояндаи мелодӣ ду рухдоди муҳим ва торихӣ дар пеш дорад, қарор аст интиқоли масъулиятҳои амниятӣ такмил ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.

Оқои Карзай ба нерӯҳои амниятии афғон дастур дод, ки барои баргузории интихоботи бамавқеъ ва шаффофи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ аз ҳеч талоше дареғ накунанд.

Мақомҳои афғон гуфтаанд, ки ба зудӣ даври панҷуми (марҳалаи поёнӣ) интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои НОТУ ба нерӯҳои амниятии Афғонистон оғоз хоҳад шуд ва то поёни соли 2014 мелодӣ масъулияти саросари Афғонистон ба нерӯҳои афғон вогузор хоҳад шуд.

Раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ дар соли 2011аз вилояти Бомиён оғоз шуд ва то кунун масъулияти амнияти беш аз 75 дарсади Афғонистон ба нерӯҳои афғон вогузор шудааст.

Қарор аст дар марҳалаи панҷуми интиқоли масъулиятҳои амниятӣ сездаҳ вулусволии Қандаҳор, вулусволиҳои Хус, Нангарҳор ва Пактико дар шарқ ва ҷануби Афғонистон то ҳаждаҳ моҳи оянда ба нерӯҳои афғон вогузор шавад.

Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки дар ояндаи наздик намояндагони давлат барои музокироти сулҳ бо Толибон ба Қатар фиристода хоҳанд шуд.

Пештар хабаргузории 'Руйтерз' гузориш кард, ки Толибон аз ифтитоҳи дафтари намояндагии худ дар Қатар барои музокирот бо ҳукумати Ағонистон хабар додаанд.

Матолиби муртабит