Ҳамла ба нерӯҳои омрикоӣ пас аз эъломи музокирот бо Толибон

Дар ҳамла ба як пойгоҳи ҳавоии Омрико дар Багроми Афғонистон, чаҳор сарбози омрикоӣ кушта шудаанд.
Ин ҳамла рӯзи 18-уми июн рух дода ва ҷузъиёти талафоташ соъате пас аз он мунташир шуд, ки Иёлоти Муттаҳида эълом кард, қарор аст нахустин музокироти мустақим миёни Омрико ва Толибон дар чанд рӯзи оянда дар Доҳа, пойтахти Қатар сурат бигирад.
Як мақоми омрикоӣ, ки хоста номаш зикр нашавад, аз ин ҳамла хабар дода ва гуфтааст, ки ин чаҳор сарбоз дар ҷараёни ҳамла бо рокет ё хумпора кушта шудаанд.
Пойгоҳи Багром дар наздикии Кобул, бузургтарин нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 66 ҳазор нерӯи омрикоӣ дар ин кишвар мустақар ҳастанд.
Қарор аст нерӯҳои байналмилалӣ то поёни соли 2014 дар Афғонистон бимонанд ва дар сурати ниёз, кумаки низомӣ бидиҳанд.
Сухангӯи Толибон рӯзи сешанбеи 18 июн дар Қатар барои нахустин бор дар дафтари тозаэҷодшудаи ин гурӯҳ дар Доҳа нишасти хабарӣ баргузор кард.
Муҳаммад Наъим, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ин гурӯҳ моил аст аз тамоми шеваҳои қонунӣ барои поён додан ба “ишғоли Афғонистон” истифода кунанд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико гушоиши дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро гоми муҳимме ба сӯйи мусолеҳа миёни Толибон ва давлати Афғонистон хонд, аммо таъкид кард, ки Толибон бояд бо Ал-қоида қатъи робита кунад.
Оқои Убомо ҳамчунин аз тасмими Ҳомид Карзай барои фиристодани ҳайъате барои гуфтугӯ бо Толибон дар Қатар истиқбол кард.
Пеш аз ин мақомоти Кохи Сафед эълом карда буданд, ки базудӣ музокироти мустақим миёни Толибон дар Қатар оғоз хоҳад шуд.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки давлати Афғонистон низ намояндагони худро барои ширкат дар ин музокирот ба Доҳа эъзом мекунад.
