Карзай: Омрико хостори 9 пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон аст

  • 9 Май, 2013
Ҳомид Карзай
Image caption Карзай: Омрико хостори эҷоди пойгоҳи низомӣ дар шаҳрҳои Кобул, Багром, Мазори Шариф, Ҷалолобод, Гардез, Қандаҳор, Ҳилманд, Шиданд ва Ҳирот мебошад

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон эълом кард, ки музокира бар сари паймони амниятии миёни Афғонистон ва Омрико ба марҳилаи ҳассосе расидааст.

Оқои Карзай гуфт, Омрико мехоҳад 9 пойгоҳи низомӣ дар шаҳрҳои Кобул, Багром, Мазори Шариф, Ҷалолобод, Гардез, Қандаҳор, Ҳилманд, Шиданд ва Ҳирот дошта бошад.

Оқои Карзай ҳамчунин гуфт, ки дар иваз Афғонистон мехоҳад Омрико нерӯҳои амниятии Афғонистонро таҷҳиз кунад, ба ҳимоятҳои иқтисодӣ ва тақвияти сохторҳои давлатӣ дар Афғонистон идома диҳад.

Оқои Карзай бо ишора ба вазъияти кунунии Афғонистон гуфт мутаассифона сохторҳо ва ниҳодҳои давлатии Афғонистон то кунун аз қуввати лозим бархурдор нестанд ва ниёз ба ҳимоят ва кумак доранд.

Робитаи Афғонистон ва НОТУ

Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, ки қабл аз ин кишварҳои узви НОТУ эълом карда буданд, ки баъд аз соли 2014 мелодӣ нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард, вале акнун ҳар рӯз як кишвар эълом мекунад, ки хостори истиқрори нерӯҳояш баъд аз соли 2014 дар Афғонистон аст.

Ӯ таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки Афғонистон бо Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) ҳамкорӣ дорад, вале мехоҳад, ки бо так таки кишварҳои НОТУ, ки хостори истиқрори нерӯҳояш баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бошад, робитаи ҷудогона дошта бошад, то мушаххас шавад, ки чӣ теъдод сарбоз аз кадом кишвар дар кадом манотиқи Афғонистон мустақар хоҳад шуд.

"Хатти Дюрандро намепазирем"

Раиси ҷумҳури Афғонистон як бори дигар ба таниши равобити Афғонистон ва Покистон бар сари масъалаи хатти марзии Дюранд ишора карда ва гуфт Афғонистон ҳозир нест хатти Дюрандро ба расмият бишносад.

Ӯ гуфт: "Дар даҳ соли гузашта Афғонистон талош карда, ки робитаи мутамаддинона бо кишвари Покистон дошта бошад ва то акнун низ эълом мекунем, ки Покистон! Мехоҳем бо ту дӯстӣ кунем ва робитаи мутақобил дошта бошем."

Оқои Карзай афзуд: "Дар замони Толибон буд, ки сиёсати хориҷии Афғонистон тавассути дигарон идора мешуд. Агар кишваре бихоҳад, ки сиёсати хориҷии Афғонистон ба нафъи кишварҳои ҳамсоя бошад, ин "хаёл асту муҳол асту ҷунун."

Раиси ҷумҳури беҳтар

Оқои Карзай дар бахше аз суханонаш ба интихобот ва давлати пас аз худ низ ишора кард. Ӯ гуфт: "Агар баъд аз ман раиси ҷумҳури беҳтар наояд, ман ба ин хок ва низ ба худам ҷафо кардаам ва як қисмати бузурге аз кори худро дар ин хок накардаам."

Ин нахустин боре аст, ки оқои Карзай дар мавриди хостаҳои Омрико ба сурати мушаххас суҳбат карда ва гуфтааст, ки омрикоиҳо мехоҳанд пойгоҳҳояшонро дар кадом манотиқи Афғонистон бошад.

Паймони амниятӣ бахше аз паймони истротежики Омрико ва Афғонистон аст, ки қарор аст дар он мушаххас шавад, ки чӣ миқдор аз нерӯҳои омрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, масъулияти онҳо чӣ хоҳад буд ва дар куҷо мустақар хоҳанд шуд.

Матолиби муртабит