"СИО ба дафтари Ҳомид Карзай пули нақд медод"

Рӯзномаи омрикоии Ню-Йурк тоймз гузориш дода, ки Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО) дар даҳ соли гузашта даҳҳо миллиюн дулор бидуни ҳисобу китоб ба дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон додааст.
Манбаъи аслии ин рӯзнома дар таҳияи ин гузориш Халил Румон, муъовини раиси дафтари Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон (2002 – 2005) будааст.
Оқои Румон ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин пулҳо "на мавориди масрафаш маълум буд ва на миқдораш ва на касоне, ки ин пулро (мегирифтанд) ва на касоне, ки медоданд. Аммо гуфта мешавад, ки барои махориҷи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ аз тарафи омрикоиҳо дода мешавад."
Ню-Йурк тоймз гузориш дода, ки ҳадаф аз пардохти пинҳонии ин пулҳо зоҳиран афзоиши нуфузи Омрико дар кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон будааст.
Ба навиштаи рӯзнома, аммо натиҷаи ин сармоягузорӣ баръакс буд, чаро ки роҳи фасодро бештар боз кард, муҷиби тақвияти бештари ҷангсолорон шуд ва дар ниҳоят барномаи хуруҷи низомиёни Омрико аз Афғонистонро бо мушкилоте мувоҷеҳ кард.
Ин рӯзнома ҳамчунин аз қавли як мақоми омрикоӣ навишта, ки "бузургтарин манбаъи фасод дар Афғонистон худи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аст."
СИО аз ҳар гуна изҳори назар дар мавриди ин гузориш худдорӣ карда ва Вазораити хориҷаи Омрико низ дар ин маврид чизе нагуфтааст.
Ню-Йурк тоймз навишта, ки ҳеч санаде мавҷуд нест, ки нишон бидиҳад ин пулҳо мустақиман ба оқои Карзай пардохт шуда, аммо ба навиштаи рӯзнома ин маболиғ аз тариқи Шурои амнияти миллӣ ба дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон мунтақил шудааст.
Оқои Карзай дар ҳоли ҳозир дар сафари урупоӣ дар Финлонд ба сар мебарад ва дар посух ба ин савол ки "дастгоҳи истихборотии Омрико ба дафтари Шурои амнияти миллии Афғонистон пули нақд медиҳад" гуфтааст, ки миқдори ин пулҳо ҳангуфт набудааст.
Оқои Карзай гуфта: "Бале, дафтари мушовири амнияти миллии Афғонистони ҳимоятҳоро аз ҷониби ҳукумати Омрико дар тули даҳ соли гузашта ба даст овардааст, на ба миқдори бузург, балкии кучак, ки ин кӯмакҳо ба аҳдофи мухталиф монанди аҳдофи амалиётӣ, мусоъидат ба маҷруҳин ва маризон ва барои пардохти кирояи хона ва сойири аҳдоф истифода шудааст ва дар даҳ соли гузашта ба ҳукумати Афғонистон дода шудааст."
Бар асоси иттилоъия дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон оқои Карзай, ки дар як конфаронси матбуъотии муштарак бо раиси ҷумҳурии Финлонд сухан мегуфт, афзуд: "Ин кумакҳо хеле муфид будааст ва мо аз он ташаккур мекунем."
Ин гузориш вокунишҳоеро дар миёни аҳзоби сиёсии Афғонистон низ ба дунбол доштааст. Аз ҷумла ҳизби Ҳақ ва адолат бо пахши хабарномае гирифтани ғайриқонунии пул аз суи дафтари раёсати ҷумҳуриро мояи нигаронии ҷиддӣ дар мавриди "саломати иззат ва ҳайсияти ҳокимияти миллӣ " хондааст.
Оқои Румон дар мусоҳибаи худ бо Би-би-сӣ гуфт, ки пардохти пули нақд аз суи қудратҳои хориҷӣ ба зимомдорони Афғонистон аз гузаштаҳо роиҷ будааст.
Ӯ афзуд: "Аз гузаштаҳо дар Афғонистон, аз замони инглисҳо кишварҳои мухталиф кӯшиш мекарданд, ки афродро таҳти таъсири худ дошта бошанд, як миқдори пулро ба номи ҷайбхарҷ ва номҳои мухталифи дигар ба мақомот бидиҳанд ва аз онҳо ба наҳве истеҳсоли вазифа кунанд."
Пеш аз ин интишори гузоришҳое дар мавриди пардохти пули нақд аз суи Эрон ба дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт, ки оқои Карзай онро ҳам таъйид кард.
