Сулҳ бо Толибон меҳвари музокироти Ҳомиди Карзай бо амири Қатар

  • 1 Апрел, 2013
Image caption Оқои Карзай дар ин сафар бо Ҳамад бини Халифа Оли Сонӣ, амир ва дигар мақомҳои қатарӣ дидор кард

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, пас аз сафари дурӯза ба Қатар ва дидор бо мақомҳои ин кишвар ба Кобул бозгашт.

Оқои Карзай дар ин дидор бо Ҳамад бини Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар ва дигар мақомҳои қатарӣ дидор кард.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон мегӯяд гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон аз меҳварҳои асосии гуфтугӯйи оқои Карзай бо амири Қатар буд.

Сухангӯйи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки амири Қатар гуфтааст, ки омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ барои эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон аст.

Ҳайъати афғонӣ ба раҳбарии Ҳомиди Карзай бо амири Қатар дар мавриди ин ки чи тавр кишвари Қатар метавонад заминасози гуфтугӯи миёни гурӯҳи Толибон ва Шӯрои сулҳи Афғонистон шавад, суҳбат карданд.

Давлати Афғонистон умедвор аст бо ҳамкории Қатар роҳи тозае барои овардани Толибон ба мизи музокира ва сулҳ дар Афғонистон биёбад.

Имал Файзӣ, сухангӯйи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар суҳбат бо Би-би-сии форсӣ гуфт, ки ҳадафи сафари раиси ҷумҳурии Афғонистон ба Қатар дидор бо амири Қатар ва бақия мақомоти қатарӣ буд.

Дар ин сафар ҳайъати афғонӣ бо ҳеҷ намоянда аз гурӯҳи Толибон мустақар дар Қатар мулоқоте надошт. Ба гуфтаи оқои Файзӣ ҳеҷ як аз раҳбарони гурӯҳи Толибон дар Қатар ҳузур надорад ва мулоқоти ҳайъати афғонӣ бо намояндаҳои пойинрутбаи Толибон дар асл мунтафӣ буд.

Оқои Файзӣ ҳамчунин гуфт, ки густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии миёни Афғонистон ва Қатар аз меҳварҳои дигари ин дидор будааст. Биноба ба гуфтаҳои оқои Файзӣ давлати Қатар алоқаманд ба боз кардани сафорат дар Афғонистон аст.

Дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дирӯз Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо сармоягузорҳои Қатарӣ дидор дошт ва то як моҳи дигар як гурӯҳ аз сармоягузорони қатарӣ ба Афғонистон сафар хоҳанд кард.

"Покистон монеъи сулҳ"

Ҳафтаи гузашта Имал Файзӣ, сухангӯйи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт, ки Покистон мухолифони давлати ин кишварро парвариш дода акнун низ кунтрули онро дар ихтиёр дорад.

Сухангӯйи раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин гуфт, ки давлати Афғонистон дигар наметавонад мунтазири Покистон бимонад ва роҳҳои ҷойгузинро барои сулҳи Афғонистон ҷустуҷӯ хоҳад кард, ки Қатар низ метавонад яке аз ин роҳҳо бошад.

Дар ҷараёни рӯзҳои гузашта давлати оқои Карзай Покистонро ба шакли бесобиқае ба ҳамкорӣ ба гурӯҳҳои теруристӣ ва ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам кард.

Чанд рӯз пештар аз он Ҷовид Лудин, муъовини вазорати хориҷаи Афғонистон, гуфта буд, ки Покистон дар роҳи Толибон ва бозгашташон ба раванди сулҳ мамониъат эҷод кардааст ва мо шоҳид ҳастем ҳар кадом аз раҳбарони Толибон, ки омодагӣ нишон додаанд, то ба раванди сулҳ бипайванданд, тавассути Покистон дастгир ва ё кушта шудаанд.

Матолиби муртабит