Кохи Сафед: Раисони ҷумҳурии Омрико ва Афғонистон ба музокира бо Толибон мутаъаҳҳиданд

Раисони ҷумҳурии Афғонистон ва Омрико ҳамчунон ба музокираи сулҳ бо Толибон пойбанд мондаанд.
Кохи Сафед, дафтари раиси ҷумҳурии Омрико, эълом кард, ки Борок Убомо ва Ҳомид Карзай, раисони ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон, дар як гуфтугӯи видиюӣ таъйид карданд, ки "раванди музокироти сулҳ ва оштӣ ба раҳбарӣ ва таҳти мудирияти Афғонистон мутмаъинтарин роҳ барои поён додан ба хушунат ва тазмини субот ва амнияти пойдор дар Афғонистон ва минтақа аст."
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ки руасои ҷумҳурии ду кишвар "ҳимояти худро аз гушоиши дафтаре дар Дуҳа бо ҳадафи музокираи байни Шӯрои олии сулҳ ва намояндагони Толибон иброз доштанд."
Иттилоъияи Кохи Сафед дар мавриди ҳимояти Омрико ва Афғонистон аз музокираи сулҳ бо гурӯҳи Толибон пас аз он интишор ёфт, ки рӯзи гузашта гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ дар садад баромаданд ба бархе марокизи ҳассоси Кобул, пойтахт, аз ҷумла Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва мақарри дафтари маҳаллии Созмони Марказии Иттилоъоти Омрико, SIA, ҳамла кунанд.
Толибон дар тамос бо расонаҳои хабарӣ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтанд.
Амалиёти Кобул замоне ба иҷро гузошта шуд, ки танҳо чанд рӯз пештар хабари гушоиши дафтари "музокироти" Толибон дар Қатар интишор ёфта буд.
Ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки Толибон ба манзури оғози музокироти сулҳ бо Иёлоти Муттаҳида, "дафтареро" дар Дуҳа, пойтахти Қатар, эҷод кардаанд ва Иёлоти Муттаҳида аз музокира дар ин маҳал ҳимоят мекунад.
Зоҳиран Толибон тоблуи "Аморати Исломии Афғонистон" ва парчами худро бар фарози сохтмони ин дафтар барафрошта буданд, ки бо вокуниши тунди давлати Афғонистон мувоҷеҳ шуд.
Гурӯҳи Толибон ҳангоми ҳукумат бар Афғонистон номи ин кишварро ба "Аморати Исломии Афғонистон" тағйир дода буданд.
Давлати Афғонистон, ки наҳваи истиқрори ин "дафтар"-ро нишонаи иқдоми Толибон барои муъаррифи худ ба унвони намояндаи кишвари Афғонистон талаққӣ мекард, ин иқдомро маҳкум донист ва мухолифати худро бо чунин музокироте эълом дошт.
Музокираи сулҳ ва идомаи ҷанг?
Мақомоти афғон гуфтанд, ки Толибон бо гушоиши ин дафтар дар назар доштанд худро як ҳукумате дар табъид муъаррифӣ кунанд ва Шӯрои сулҳи Афғонистон, ки маъмурияти он музокираи сулҳ бо Толибон аст, гуфтааст дар гуфтугӯҳое, ки дар ин маҳал сурат пазирад, ширкат нахоҳад кард.
Давлати Афғонистон ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳар гуна музокираи сулҳ бояд ба раҳбарӣ ва таҳти назари комили ин давлат баргузор шавад ва талош дошта аз эҷоди ин шубҳа , ки Толибон ва Иёлоти Муттаҳида тарафҳои аслии гуфтугӯ ҳастанд, башиддат ҷилавгирӣ кунад.
Баъдан эълом шуд, ки Толибон парчам ва тоблуи худро аз дафтари Дуҳа бардоштаанд.
Амалиёти мусаллаҳонаи рӯзи гузашта дар Кобул тардидҳоеро нисбат ба нияти воқеъии Толибон ва ояндаи музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон падид овард.
Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо маҳкум кардани ин ҳамла гуфт, ки "душманони" мардуми Афғонистон бо ин ҳамла шикаст хӯрда бори дигар собит карданд, ки бо сулҳ, субот ва пешрафт дар Афғонистон мухолифанд.
Ҳамчунин Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон бо таъкид бар ин ки амалиёти рӯзи сешанбе муҳоҷимон ба натиҷа нарасидааст, гуфт, ки шикасти ин амалиёт нишон дод, ки Толибон наметавонанд бо тавассул ба хушунат ва терурисм ба аҳдофи худ даст ёбанд.
Дар ҳоле ки масъулияти ҳифзи амнияти Афғонистон расман аз нерӯҳои НОТУ ба ташкилоти низомӣ ва амнияти миллии Афғонистон интиқол ёфтааст, Кобул дар ҳафтаҳои гузашта шоҳиди чандин мавриди амалиёти мусаллаҳонаи Толибон будааст.
Пас аз эъломи гушоиши дафтари Дуҳа ба нақл аз манобеъи Толибон гузориш шуд, ки ин гурӯҳ зимни омодагии мушорикат дар музокироти сулҳ ба амалиёти низомӣ низ ҳамчунон идома медиҳад.
Зоҳиран Толибон муътақиданд, ки бо водор кардани фишори низомӣ бар давлати Афғонистон хоҳанд тавонист дар музокроти эҳтимолии оянда ба унвони "тарафи қудратмандтар" имтиёзоти бештаре ба даст оваранд.
