Карзай: Дар музокирот бо Толибон дар Қатар ширкат намекунем

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, то замоне ки раванди сулҳ бо Толибон тавассути афғонҳо ҳидоят нашавад, давлати Афғонистон ба ин музокирот нахоҳад пайваст.
Оқои Карзай гуфта гушоиши дафтари Толибон дар Қатар ҳовии паёме аст, ки бо замонатҳое ки Омрико қаблан ба давлати Афғонистон дода буд, муғойират дорад.
Дафтари Толибон дар Қатар зери номи "دДавлати Иморати исломии Афғонистон" рӯзи гузашта гушоиш ёфт. Толибони гуфтанд ки дар ин дафтар ба фаъолиятҳои сиёсӣ низ хоҳанд пардохт.
Дар гушоиши ин дафтар ҳеҷ намояндае аз ҳукумати Афғонистон ҳузур надошт.
Раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо нашри иттилоъе гуфтааст: "Афғонистон дар шароите ки таъкид бар идомаи ҷанг ва хунрезӣ бошад, дар музокироти Қатар иштирок намекунад. Таҳаввулоти ахир нишон медиҳад? ки дар ақаби гушоиши дафтари Толибон дар Қатар қудратҳои берунӣ қарор доранд ва то замоне ки прусесси сулҳ комилан афғонӣ набошад, Шурои олии сулҳ дар музокироти Қатар иштирок намекунад."
Дар ин иттилоъия гуфта шуда? ки ин файсала дар ҷаласаи машваратӣ бо раҳбарони ҷиҳодӣ шахсиятҳои сиёсӣ ва ҳайати иҷроии Шурои олии сулҳ, ки имрӯз пеш аз зуҳр баргузор шуда, гирифта шудааст.
Дар ин эъломия омада, ки ҳамроҳ бо гушоиши дафтари Толибон дар Қатар паёми ҷанг ва хунрезӣ фиристода шуда ва ин нишон медиҳад, ки идомаи ин сиёсат аз ҷониби Толибон дар хидмати "истротежӣ ва аҳдофb бегонагон" аст.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта Ҳомид Карзай раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфта буд, ки ҳайате аз Шурои олии сулҳ барои гуфтугӯи сулҳ бо Толибон ба Қатар хоҳад рафт.
Шурои амнияти миллии Афғонистон низ субҳи имрӯз эъломеро мунташир кард ва гуфт, ки ба далели таноқуз байни гуфтор ва амали Омрико дар мавриди раванди сулҳ музокирот бар сари мувофиқатномаи амниятии миёни ду кишварро ба таълиқ даровардаанд.
Дар ҳамин ҳол Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст, ки ӯ ҳамвора интизори бурузи ихтилофи назар дар ҷараёни пешбурди раванди музокироти сулҳи Афғонистонро дошт.
Оқои Убомо, ки дар нишасти хабарӣ дар Берлин суҳбат мекард, гуфт: "Орзуи ман ин аст ки бо вуҷуди ҳамаи ин чолишҳо ин раванд пеш биравад."
Дафтари Толибон дар Қатар
Дафтари Толибон дар Қатар зери номи "Давлати Аморати исломии Афғонистон" рӯзи гузашта гушоиш ёфт. Толибон гуфтаанд, ки дар ин дафтар ба фаъолиятҳои сиёсӣ низ хоҳанд пардохт.
Толибон дар замони ҳукумат бар Афғонистон унвони "Аморати исломӣ"-ро барои ин кишвар ба кор мебурд.
Дар гушоиши ин дафтар ҳеч намояндае аз ҳукумати Афғонистон ҳузур надошт.
Пеш аз ин мақомоти Кохи сафед эълом карда буданд, ки базудӣ музокироти мустақим миёни Омрико ва Толибон дар Қатар оғоз хоҳад шуд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико низ гушоиши дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро гоми муҳимме ба суи мусолиҳа миёни Толибон ва давлати Афғонистон хонд.
Гушоиши ин дафтар ва баҳс рӯйи гуфтугӯи мустақими Толибон ва Омрико дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати Афғонистон борҳо эълом карда, ки раҳбарии раванди сулҳ бояд дар дасти Афғонистон бошад.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран аз гуфтугӯи пинҳонии Толибон бо Омрико низ хабар дода ва ҳушдор дода буд, ки агари хориҷиҳо дар раванди сулҳи Афғонистон мудохила кунанд, онҳоро "расво" хоҳад кард
