Маҷлиси бузургони Афғонистон тавофуқномаи амниятӣ бо Омрикоро баррасӣ мекунад

  • 21 Ноябр, 2013
Луя ҷирга
Image caption Қарор аст Луя ҷирга дар мавриди тавофуқномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико, ки иҷоза медиҳад нерӯҳои омрикоӣ пас аз соли 2014 дар хоки ин кишвар бимонанд, тасмим бигирад

Луя ҷирга (Маҷлиси бузургон)-и машваратии Афғонистон имрӯз бо ҳузури 2500 намоянда дар Кобул оғоз ба кор кардааст. Баҳс рӯй мувофиқатномаи амниятии Афғонистон ва Омрико мавзуъии аслии ин ҷирга аст.

Ин ҷирга зери унвони "Луя ҷиргаи машваратӣ" баргузор мешавад ва дар мавриди имзои ин мувофиқатнома ба раёсати ҷумҳурии Афғонистон машвара медиҳад.

Ин ҷирга қарор аст чаҳор рӯз идома дошта бошад.

Мавзуъи имзои қарордоди амниятӣ бо Омрико, ки ба Омрико иҷоза медиҳад шуморе аз нерӯҳояшро пас аз соли 2014 дар хоки Афғонистон нигаҳ бидорад, аз мавзуъоти баҳсҳои доғ дар миёни маҳофили сиёсии Афғонистон тайи соли ахир будааст.

Баҳсҳо миёни мақомоти Афғонистон ва Омрико дар бораи маводи ин тавофуқнома то рӯзи ахир қабл аз оғоз ба кори Маҷлиси бузургон идома доштааст ва дар ниҳоят онҳо эълом доштаанд, ки матни ин тавофуқнома ниҳоӣ шудааст.

Яке аз мавзуъоти мавриди ихтилоф ва баҳсбарангез дар ҷомеъаи Афғонистон ин мавзуъ буда, ки дар чӣ шароите нерӯҳои омрикоӣ метавонанд вориди хонаҳои мардум дар Афғонистон шаванд.

Афғонҳо замоне тулонӣ ба ворид шудани нерӯҳои омрикоӣ дар ҷараёни амалиёт ба хонаҳояшон мухолифат кардаанд, ба хусус шабонгоҳ, зеро онҳо муътақиданд, ки ин кор нақзи ҳурмати занони хонавода аст.

Мавзуъи дигари ихтилофи назар миёни мақомоти Омрико ва Афғонистон мавзуъи бархурди қазоӣ бо нерӯҳои омрикоӣ буда, ки оё онҳо аз суи низоми қазоии Омрико мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегиранд ё тавассути додгоҳҳои Афғонистон.

Исрори Омрико дар мавриди масунияти қазоии нерӯҳои боқимондаи ин кишвар дар Афғонистон пас аз соли 2014 яке аз тақозоҳои аслии Омрико будааст.

Адами тавофуқ дар мавриди қазияи мушобеҳ дар Ироқ муҷиби хуруҷи комили нерӯҳои Омрико шуд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико новақти дишаб ба вақти Афғонистон эълом кард, ки Омрико дар бораи матни мувофиқатномаи амниятии дуҷониба бо мақомоти афғон ба тавофуқ расидааст. Вазорати хориҷаи Афғонистон низ як пешнависи ин мувофқатномаро мунташир кардааст. Аммо тарҳе, ки тавассути ин вазорат мунташир шуда ба назар мерасад нишон медиҳад, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон пазируфтааст, ки нерӯҳои омрикоӣ дар додгоҳҳои Афғонистон муҳокима нахоҳанд шуд.

Қарор аст ин пешнавис барои баҳс дар Луя ҷирга ба аъзои ҷирга пешкаш шавад. Аммо рӯшан нест, ки оё тарҳи мунташиршуда аз суи вазорати хориҷаи Афғонистон, ҳамон тарҳе аст, ки вазири хориҷаи Омрико дар назар дорад.

Аҳмад Шафоӣ, гузоришгари Би-би-сӣ, ки ба маҳали баргузории Луя ҷирга рафтааст, мегӯяд ҳузури нерӯҳои амниятии афғон дар ҳама теппаҳои атрофи маҳали баргузории ҷиргаи машваратӣ дида мешавад ва ҳама масирҳои мунтаҳӣ ба маҳали баргузории Луя ҷирга масдуд шудааст. Шуморе аз нерӯҳои амниятии зан низ дар баъзе аз нуқоти мунтаҳӣ ба маҳали баргузорӣ мустақар шудаанд.

Шуморе аз родию ва телевизиюнҳои Афғонистон ба шумули расонаҳои ғайридавлатӣ пахши зиндаи барномаҳои худро аз баргузории Луя ҷиргаи машваратӣ оғоз кардаанд.

Масунияти қазоии сарбозони омрикоӣ аз пайгарди қонунӣ дар дохили Афғонистон аслитарин мавзуъи мавриди ихтилоф дар ҷараёни музокирот бар сари ин тавофуқномаи амниятӣ миёни Омрико ва Афғонистон будааст. Интизор меравад, ки намояндагони Луя ҷирга низ дар ин маврид баҳсҳои доғ дошта бошанд.

Асри рӯзи чаҳоршанбе вазорати умури хориҷаи Афғонистон низ пешнависе аз мувофиқатномаро, ки қарор аст ба Луя чирга пешкаш шавад, мунташир кард, ки ба нерӯҳои омрикоии боқимонда баъд аз поёни соли 2014 масунияти қазоӣ медиҳад.

Бо вуруди Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҷаласаи Луя ҷиргаи машваратӣ барои баҳс бар сари тавофуқномаи амниятии миёни Афғонистон ва Омрико расман оғоз шуд.

Image caption Оқои Карзай гуфт бидуни ҳимояти байналмилалӣ Афғонистон ба инзиво меравад ва аз ин назар робита бо кишварҳои хориҷӣ аҳамияти зиёде дорад

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, суханронии ифтитоҳияи Луя ҷиргаро оғоз кардааст. Оқои Карзай суханронии худро бо забони пашту оғоз кард.

Оқои Карзай гуфт мавзуъи ҷирга ҷуз пардохтан ба мавзуъи мувофиқатномаи амниятӣ ҳеҷ чизи дигаре нест ва шоеъаҳо дар бораи ин ки мавзуъоти дигар низ дар ин ҷирга баҳс хоҳад шуд, поя надорад.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон аз намояндагони ҳозир дар ҷирга хост, ки агар касе дар ҷараёни Луя ҷирга назди шумо биёяд, ки масалан хости Карзай ин аст ва ё он аст, инро ба ҳеҷ сурат напазиранд. "Ман ҳамин ҳоло мегӯям, ки ҳеҷ намоянда надорам ва ҳар касе ба намояндагӣ аз ман омад, ӯро қабул накунед. Намояндаи ман виҷдони миллии Афғонистон аст."

Оқои Карзай дар мавриди музокироти марбут ба мувофиқатномаи амниятӣ, ки бештар аз як солро дар бар гирифтааст, гуфт ки дар ин раванд Омрико аҷала дошт, аммо мо ки тарафи заъиф будем, диққатро меъёр қарор додем ва ба андозае дар мавриди ин мувофиқатнома диққат кардем, ки мода ба мода, фақара ба фақара ва ҷузъ ба ҷузъ онро шахсан хондем ва тағироти лозимро дар он ворид кардем.

Оқои Карзай гуфт бидуни ҳимояти байналмилалӣ Афғонистон ба инзиво меравад ва аз ин назар робита бо кишварҳои хориҷӣ аҳамияти зиёде дорад.

Ӯ гуфт, ки Афғонистон хоҳони ҳимояти содиқона аст ва ин ки хоҳони нерӯҳои амниятии қавӣ аст ва муттаҳидони байналмилалӣ дар ин замина ба Афғонистон кумак кунанд. Мо ба таҷҳизоти пешрафта ниёз дорем.

Оқои Карзай дар мавриди охирин гуфтугӯҳо бо мақомоти вазири хориҷаи Омрико гуфт ва ин ки агар нерӯҳои омрикоӣ иҷоза надошта бошанд, масалан барои наҷоти яке сарбозони рабуда шудаашон дар Афғонистон амалиёт анҷом диҳанд, пас тавофуқнома ба даст намеояд ва боз ҳам дар ин маврид музокира кардем.

Оқои Карзай гуфт дар мавриди ҳузури нерӯҳои Омрико дар Афғонистон аз Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико нома дарёфт кардааст ва порае аз он номаро қироъат кард: "Нерӯҳои Омрико ба манзури амалиётҳои низомӣ ба истиснои мавориди хосс ва он ҳам дар ҳолате ки хатаре ҷиддӣ сарбозони хориҷии Омрикоро таҳдид бикунад, вориди хонаҳои афғонҳо намешаванд. Омрико ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ, истиқлоли комили Афғонистонро ба расмият мешиносад."

Билқис Рӯшан, яке аз сенотурони зани афғон ба далоиле, ки мушаххас нест, суҳбатҳои оқои Карзайро қатъ карда ва фазои ҷирга барои дақоиқе мухтал шуд. Ин сенотури зани афғон ба по хост ва гуфт, ки имзои ин санад ба маънии фурӯши хоки Афғонистон ба Омрико аст. Оқои Карзай гуфт, ки ҳама ҳақ доранд назари худро дар мавриди мувофиқатномаи амниятӣ баён кунанд ва набояд касоне, ки бо ин мувофиқатнома мухолиф ҳастанд, муттаҳам ба покистонӣ будан ё эронӣ будан шаванд.

Оқои Карзай гуфт, ки Омрико нуҳ пойгоҳ дар Афғонистон мехоҳад. Онҳо дар Багром, Кобул, Мазори Шариф, Ҳирот, Қандаҳор, Гардез, Шинданд ва Ҳилманд пойгоҳ мехоҳанд.

Оқои Карзай ба ширкаткунандагон гуфт тасмим дар бораи тавофуқномаи амниятӣ дар дасти шумо аст.

Image caption Ҳоҷӣ Рӯзӣ, кабобпази як рестурон дар Қундуз мегӯяд, ки савод надорад ва дар заминаи имзои мувофиқатномаи амниятии Афғонистон ва Омрико чизе намедонад. Аммо мегӯяд, ки мо хоҳони таъмини амният дар кишвар ҳастем

Ӯ гуфт агар нерӯҳои Омрико Афғонистонро тарк кунанд, нерӯҳои ҳама кишварҳои дигар низ Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Оқои Карзай афзуд кишварҳои Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Осиёи Миёна ва Туркия аз ин қарордоди Афғонистон бо Омрико ҳимоят кардаанд ва танҳо Эрон гуфта, ки мухолифи он аст, вале Эрон гуфтааст ба тасмими мардуми Афғонистон эҳтиром мегузорад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон аз намояндагони Луя ҷирга хост пас аз баррасии бисёр дақиқ тасмими худро дар мавриди тавофуқномаи амниятӣ бо дар назардошти манофеъи Афғонистон бигиранд.

Дар ҳамин ҳол дар расонаҳои Афғонистон баҳсҳои доғе миёни намояндагони қишрҳо ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеъаи ин кишвар дар бораи тавофуқномаи амниятӣ миёни Омрико ва Афғонистон идома дорад, ки назароти мувофиқ ва мухолифро дар бораи ин санад дар бар мегиранд.

Толибон баргузории Луя ҷиргаро тарҳи Омрико хонда ва гуфтааст агар намояндагони он мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрикоро таъйид кунанд, онҳоро ба унвони хойин дастгир ва муҷозот мекунад.

Матолиби муртабит