Карзай: Идомаи куштори ғайринизомиён нишони беэҳтиромӣ ба тасмими мардуми Афғонистон аст

  • 29 Ноябр, 2013
Image caption Карзай дар Луя Ҷиргаи машваратӣ эълом кард, ки дар сурати идомаи ҳамлаи Омрико ба хонаҳои мардум Афғонистон паймони амниятиро имзо нахоҳад кард

Рӯзи ҷумъаи 29 ноябр дафтари Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо интишори хабарномае аз кушта шудани ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои омрикоӣ хабар дода ва ин ҳамларо башиддат маҳкум кард.

Дар ин хабарнома омадааст, ин ҳамла нишон медиҳад, ки нерӯҳои омрикоӣ ба зиндагӣ ва масунияти хонаҳои мардуми Афғонистон ва тасмими Луя Ҷиргаи машваратӣ ҳеҷ гуна эҳтироме қоил нестанд.

Ишораи дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон ба тасвиби муфоди паймони амниятии Афғонистон ва Омрико дар Луя Ҷиргаи машваратии ахир аст, ки тибқи бахше аз он нерӯҳои омрикоӣ ба худдорӣ аз ҳамла ба ғайринизомиён мулзам шудаанд.

Авоили ҳафтаи ҷорӣ намояндагони Луя Ҷирга машварате, ки дар Кобул доир шуда буд, мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрикоро таъйид ва хостори имзои он шуданд, вале Ҳомиди Карзай гуфт то замоне ки Омрико дар заминаи таъмини сулҳ ва баргузории интихоботи шаффоф дар ин кишвар ваъдаи ҳамкорӣ надиҳад, ӯ мувофиқатномаи амниятиро имзо нахоҳад кард.

Ҳамчунин дар ин эъломия ба нақл аз Карзай омада, ки дар сурати идомаи ҳамлаи низомии омрикоиён ба хонаҳои мардуми Афғонистон, аз имзои ин паймон худдорӣ хоҳад варзид.

Дар хабарномаи дафтари раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, омадааст, ки дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НОТУ) ба як манзили маскунӣ дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон як кӯдак кушта ва ду зан захмӣ шудаанд.

Дафтари Ҳомиди Карзай бо маҳкум кардани ин ҳамла гузориши волии вилояти Ҳилмандро нақл карда, ки гуфтааст ҳамлаи ҳавпаймоҳои бидуни сарнишини омрикоӣ қабл аз зуҳри дирӯз (панҷшанбе, 28 ноябр) дар рустои Фақирони вулусволии Гармсир рӯй додааст.

Тасмими Луя Ҷирга

Ин хабарнома ба нақл аз раиси ҷумҳурии Афғонистон меафзояд, ки се рӯз қабл Луя Ҷиргаи машваратӣ дар таъйиди мувофиқатномаи миёни Афғонистон ва Омрико хостори таваққуфи ҳамла ба хонаҳои шаҳрвандони Афғонистон шуд.

Аъзои Луя Ҷиргаи машваратӣ матни паймони амниятиро таъйид кардаанд.

Дар хабарнома аз раиси ҷумҳури Афғонистон нақли қавл шуда, ки "аз солҳо бад-ин сӯ мардуми бегуноҳи мо таҳти номи ҷанг алайҳи терурисм қурбонӣ мешаванд ва хонаҳоияшон масуният надорад."

Раиси ҷумҳури Афғонистон афзудааст, ки то замоне ки инчунин худсариҳо ва зулми нерӯҳои хориҷӣ бар мардум идома ёбад, мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрико имзо нахоҳад шуд."

Омрико хостори имзои ин паймон қабл аз поёни соли ҷории мелодӣ аст. Қарор аст хуруҷи нерӯҳои амалиётии Омрико аз Афғонистон дар соли 2014 такмил шавад.

Дар вокуниш ба хабари ҳамлаи ҳавоии рӯзи панҷшанбе нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон низ эълом кардаанд, ки дар бораи ҳодисаи вилояти Ҳилманд таҳқиқ хоҳад шуд.

Ба гузориши Руйтерз, НОТУ дар иттилоъияи худ аз вуқӯъи талафоти ғайринизомӣ "ибрози таассуфи амиқ" кардааст.

Матолиби муртабит