Ҳимояти Маҷлиси бузургони Афғонистон аз тавофуқномаи амниятӣ бо Омрико

Луя ҷирга (Маҷлиси бузургон)-и машваратии Афғонистон, ки барои баҳс ва машварадиҳӣ бар сари тавофуқномаи амниятии миёни Кобул ва Вошингтун баргузор шуда, ин тавофуқномаро бо 'аксарияти мутлақ' таъйид кард. Луя ҷирга ҳамчунин дар қатънома аз раиси ҷумҳурӣ хоста то тавофуқномаро то охири имсол имзо кунад.
Дар қатъномаи 31 моддаии Малиси бузургон, ки аз суи муъовинони ҷирга дар ҳузури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон хонда шуд, омадааст, ки:
"Марҳалаи татбиқ"
Ҳомид Карзай пас аз шунидани қатъномаи Луя ҷирга гуфт, ки барои мутмаин шудан аз ин ки тавофуқномаи амниятӣ муҷиби таъмини сулҳ ва амният дар Афғонистон шавад, 'марҳалаи татбиқ' барои ин тавофуқнома бояд дар назар гирифта шавад.
Оқои Карзай гуфт бояд ин тавофуқнома билофосила муҷиби таъмини сулҳ ва амният дар Афғонистон шавад , дар ғайри он ин тавофуқномаро қабул надорад.
Оқои Карзай гуфт: "Агар як бори дигар Омрико ба хонаҳои афғонҳо биравад ва ҳамла кунад, қарордод нест (тамом аст). Омрикоиҳо бояд дар пойгоҳҳои худ бинишинанд. Аз имрӯз бозрасии хонаҳо, талошии хонаҳо ва роҳгирӣ аз суи Омрико мутаваққиф аст ва мардуми Афғонистон озод ҳастанд."
Ӯ хитоб ба аъзои Луя ҷирга гуфт: "Шумо аз ман хостед, ки то як моҳи дигар ин мувофиқатномаро имзо кунам. Оё то як моҳи дигар сулҳ ва амният дар Афғонистон таъмин хоҳад шуд? Агар нашуд масъул кист? Табъан масъул ман ҳастам."
Раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт ду дархости мушаххас аз Омрико дорад "таъмини сулҳ ва баргузории интихоботи шаффоф". Ӯ як бори дигар гуфт, ки бад-ин бовар аст "таъмини сулҳ дар Афғонистон ибтидо ба дасти омрикоиҳо аст ва баъдан ба дасти покистониҳо."
Оқои Карзай гуфт таҷрибаи гушоиши дафтари Қатар нишон медиҳад, ки бояд аз омрикоиҳо тазминҳои лозим гирифта шавад. Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар мавриди интихобот гуфт: "Се рӯз пеш аз интихобот бо сафири Омрико дар Кобул нишаст доштем ва дар мавриди Луя ҷирга ва тавофуқномаи амниятӣ суҳбат мекардем. Ман аз сафири Омрико пурсидам, ки чаро шумо таъкид доред, ки ҳатман мувофиқатнома бо мо имзо шавад? Чаро баъд аз интихобот имзо намекунед? Сафири Омрико гуфт, ки мо барномаҳои худро дорем. Ӯ гуфт интихобот шояд ба даври дувум биравад ва дар ин сурат даври дувуми интихобот панҷ то шаш моҳи оянда ба таъхир меафтад. Далели ин ки ман гуфтам интихоботи шаффоф баргузор шавад, аз ҳамон маҷлис бо сафири Омрико тарсидем."
Ӯ гуфт мо мехоҳем то Омрико замонат кунад ҳатто агар интихобот ба даври дувум меравад, бояд дар замони таъиншуда дар қонун яъне ду ҳафта баргузор шавад. Оқои Карзай гуфт чоназании худ бо Омрикоро дар мавриди тавофуқномаи амниятӣ ҳамчунон идома хоҳад дод.
Ҷанҷоли лафзии Карзай ва раиси ҷирга
Сибғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Луя ҷиргаи машваратӣ дар посух ба суханони Ҳомид Карзай, гуфт ки файсалаи Маҷлиси бузургон ин аст, ки раиси ҷумҳурӣ ин тавофуқномаро ҳарчӣ сареътар имзо кунад.
Ӯ гуфт: "Раис соҳиби ҷумҳур ба мо ваъда бидиҳад, ки ин қарордодро ба зудӣ имзо мекунад. Агар раиси ҷумҳурӣ имзо накунад, ман аз Афғонистон ҳиҷрат хоҳам кард. Мани маҷбур хоҳам шуд дар ин ришсафедӣ кишварро тарк кунам. Чун касе ба ҳарфи мо гӯш намекунад."
Оқои Муҷаддадӣ дар вокуниш ба ин суханони Ҳомид Карзай, ки омрикоиҳо аз таъаҳҳудоти худ сар боз хоҳанд зад гуфт: "Омрикоиҳо аз таъаҳҳудоти худ сар боз заданд, бо иродаи мардуми Афғонистон мувоҷеҳ хоҳанд буд."
Дар ҷараёни суҳбатҳои оқои Муҷаддадӣ, раиси ҷумҳури Карзай як бори дигар гуфт "Омрико иҷоза надорад ба хонаҳои мо биравад. Намепазирем!"
Оқои Муҷаддадӣ дубора гуфт агар омрикоиҳо тахаллуф карданд, бо тазоҳуроти мардуми Афғонистон рӯбарӯ хоҳанд шуд, аммо оқои Карзай боз ҳам дахолат кард ва гуфт: "Тазоҳурот на, агар ба хонаҳои мардум ҳамла шавад, қарордод лағв хоҳад шуд."
Оқои Муҷаддадӣ дубора посух медиҳад: "Ту имзо кун, баъдан мо ҳамроҳашон (Омрико) мефаҳмем."
Мавзеъи Омрико
Мақомоти омрикоӣ аз чандин моҳ бад-ин су таъкид доранд, ки ин мувофиқатнома бояд фавран имзо шавад.
Пеш аз ин Борок Убомо хоҳони ниҳоӣ шудани мувофиқатнома то авохири октябри имсол шуда буд. Фармондеҳони низомии Омрико аз давлати Убомо хостаанд, то ҳар чӣ сареътар мушаххас кунанд, ки чӣ теъдоди нерӯҳои омрикоӣ, дар чӣ бахшҳое аз Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Онҳо гуфтаанд мушаххас шудани ин мавзуъ метавонад ба онҳо кумак кунад то барномарезии хуруҷи нерӯҳои размӣ аз Афғонистонро сареъан оғоз кунанд ва битавонанд тасвири рӯвшане аз оянда дошта бошанд.
Ҳамчунин Ҷин Сокӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Омрико ду рӯз пеш дар вокуниш ба суханони оқои Карзай гуфт: "Ба назари мо ҳарчӣ зудтар бояд ин мувофиқатнома имзо шавад, то ба Афғонистон то пеш аз интихоботи пеши рӯ итминони хотир диҳад ва ба Омрико ва дигар ҳампаймонон ҳам фурсат диҳад дар бораи ҳузури нерӯҳо пас аз соли 2014 барномарезӣ кунанд."
Шуморе аз таҳлилгарон низ муътақиданд, ки Омрико намехоҳад мувофиқатномаи амниятӣ таъсир бар интихобот ва раванди муборизоти интихоботӣ дар Афғонистон дошта бошад.
Мавзуъи масунияти қазоӣ – мавзуъи аслӣ ё фаръӣ?
Дар ҳоле ки пеш аз баргузории Луя ҷирга, мавзуъи масунияти қазоии нерӯҳои омрикоӣ аз пайгарди қонунӣ дар дохили Афғонистон аз ҷанҷолиитарин мавзуъоти мавриди баҳс дар ҷирга пиндошта мешуд, аммо фазои баҳсҳо дар ҷиргаро бештар "шарти ҷадиди" оқои Карзай мабнӣ бар ин ки имзои тавофуқнома ба пас аз интихобот мавкул шавад, таҳти шуъоъ қарор дод.
Ҷирга дар мавриди масунияти қазоии сарбозони Омрико таъйид карда, ки нерӯҳои мутахаллифи Омрикоӣ аз сӯии додгоҳҳои Омрико мавриди муҳокима қарор бигирад, аммо раванди муҳокима бо диққат зери назари намояндагони афғон қарор дошта бошад.
Бадин тартиб ҷанҷолитарин монеъ, ки гумон мерафт имзои мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрикоро бо хатар мувоҷеҳ кунад, аз суи ҷиргаи машваратӣ аз миён бардошта шуд.
Бар асоси гуфтаҳои қаблии Ҳомид Карзай акнун мусаввадаи мувофиқатномаи амниятӣ бояд ба порлумони Афғонистон фиристода шавад ва баъд аз он руасои ҷумҳурии Афғонистон ва Омрико бояд онро имзо кунанд.
