Шурути тозаи Ҳомиди Карзай барои имзои паймони амниятӣ

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, алорағми сафари Сузон Ройс, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Омрико ба Кобул аз имзои тавофуқномаи амниятӣ бо Вошингтун сар боз задааст.
Ин паймон иҷоза медиҳад ҳазорон сарбози омрикоӣ баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бимонанд.
Сузон Ройс, мушовири Борок Убомо, ба оқои Карзай гуфтааст пешниҳоди раиси ҷумҳурии Афғонистон барои ба таъхир андохтани имзои ин паймон то баъд аз интихоботи соли оянда амалӣ нест.
Мулоқоти Ҳомиди Карзай ва Сузон Ройс як рӯз пас аз он баргузор шуд, ки Луя Ҷирга дар Кобул хостори имзои ин паймон дар соли ҷорӣ шуд.
Итминони бештар
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст Ҳомиди Карзай шароити тозаеро барои имзои паймони амниятӣ бо Вошингтун унвон карда ва эълом карда барои имзои билофосилаи ин тавофуқи амниятии дуҷониба омода нест.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ мегӯяд раиси ҷумҳурӣ аз мулоқоти худ бо Сузон Ройс барои гирифтани итминонҳои бештар аз Омрико истифода кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Ҳомиди Карзай ба дунболи итминони бештар аз ин буда, ки нерӯҳои омрикоӣ ба хонаи шаҳрвандони афғон ворид намешаванд ва дар айни ҳол Вошингтун гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро аз сар мегирад.
Оқои Карзай дар айни ҳол хостори таъаҳҳуди Омрико дар баргузории интихоботе озод ва шаффоф дар 5 апрели соли 2014 шудааст.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ яке дигар аз шароити оқои Карзай бозгашти шаҳрвандони афғони зиндонӣ дар Гуонтоному ба кишварашон аст.
Вошингтун таъкид дорад, ки ин паймон бояд пеш аз поёни соли ҷорӣ имзо шавад, то битавон барои теъдоди сарбозоне, ки қарор аст баъд аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ бимонанд, барномарезии дурусте анҷом дод.
Ба гуфтаи хонуми Ройс, таъхир дар имзои ин паймон на замони кофӣ барои барномарезӣ ҷиҳати ҳузури низомии варои соли 2014 дар Афғонистони Омрико ва НОТУ медиҳад ва на ба Афғонистон субот медиҳад.
Бар асоси ин паймон, ки тавофуқ бар сараш ду моҳ тӯл кашида, 15000 нерӯи хориҷӣ баъд аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ мемонанд, агарчи Омрико мегӯяд ҳанӯз тасмиме дар бораи идомаи ҳузури худ дар Афғонистон нагирифтааст.
Сарбозоне, ки баъд аз соли 2014 дар Афғонистон бимонанд умдатан кори омӯзиши нерӯҳои афғонро бар уҳда хоҳанд дошт. Бархе нерӯҳои вижа низ дар амалиёти "зиддитеруристӣ" ширкат хоҳанд кард.
Аъзои ин Луя Ҷирга ба матни тавофуқномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико раъйи мусбат дода ва аз раиси ҷумҳурии Афғонистон хостанд ин мувофиқатномаро то як моҳи дигар имзо кунад.
Ин мувофиқатнома ҷузъиёти маъмурият ва ҳузури нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон пас аз соли 2014-ро мушаххас кардааст.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ифтитоҳияи Луя Ҷирга гуфта буд, ки ҳатто агар матни ин мувофиқатнома аз сӯйи Луя Ҷирга ва маҷлиси намояндагон таъйид ва тасвиб шавад, ӯ имзои онро ба баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мавкул хоҳад кард.
