Боздошти як духтари даҳсола қабл аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон

  • 6 Январ, 2014
Image caption Ҳомид Карзай кӯдаконеро, ки муттаҳам ба талош ба ҳамалоти интиҳорӣ будаанд, раҳо кардааст

Пулиси марзии Афғонистон духтари даҳсолаеро боздошт карда, ки қасди анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ ба корвони нерӯҳои пулисро доштааст.

Вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфта, ки ин духтарро асри дирӯз (якшанбеи 5 январ) дар вулусволии Хоннишини вилояти Ҳилманд "боздошт кардааст."

Дар як хабарномаи вазорати дохила, ки ба расонаҳо фиристода шуда, омадааст: "Ин кӯдак асри дирӯз ҳангоме ки мехост яке аз воҳидҳои нерӯҳои пулиси марзиро дар вулусволии Хоннишини Ҳилманд мавриди ҳамлаи интиҳорӣ қарор диҳад, аз суи ин нерӯҳо боздошт шуд."

Вазорати дохила мегӯяд ки бар асоси баррасиҳои ибтидоӣ ин кӯдак эътироф карда, ки ӯ ба ташвиқи бародараш барои анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ омода шуда буд.

Баррасиҳои вазорати дохилаи Афғонистон ҳамчунин нишон медиҳад, ки бародари ин духтари даҳсола аз фармондеҳони Толибон аст.

Аммо гурӯҳи Толибон ҳанӯз дар мавриди ин духтар ва иртиботи ӯ бо гурӯҳи Толибон чизе нагуфтааст.

Пеш аз ин дар мавриди писарони кӯдак гузориш шуда буд, ки аз суи гурӯҳи Толибон водор ба ҳамла интиҳорӣ шуда буданд. Аммо ин нахустин боре аст, ки гузориш мешавад духтаре даҳсола мехоста ҳамлаи интиҳорӣ кунад.

Пештар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи кӯдакон аз афзоиши истифода аз кӯдакон дар ҳамалоти интиҳорӣ ибрози нигаронӣ карда буданд.

Ду сол пеш созмони Дидабони ҳуқуқи башар аз Толибон хост, ки дар фаъолиятҳои интиҳорӣ ва инфиҷорҳо аз кӯдакон истифода накунад.

Бо ин ҳама дар мавориде иттифоқ афтода, ки мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон барои фаъолиятҳои ҳаросафганона ва бумбгузорӣ аз кӯдакон истифода кардаанд.

Матолиби муртабит