Вулусволи Дашти Арчӣ дар вилояти Қундуз дар ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд

  • 30 Август, 2013

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли шарқи Афғонистон таъйид карданд, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ, ки субҳи ҷумъа дар вулусволии "Дашти Арчӣ" дар вилояти Қундуз рух дод, Шайх Садриддин, вулусволи Дашти Арчӣ, кушта шудааст.

Сайид Сарвар Ҳусейнӣ, сухангӯйи пулиси вилояти Қундуз, бо таъйиди ин хабар ба Аҳмад Илҳом, хабарнигори Би-би-сӣ дар ин вилоят гуфт, ки дар ин ҳодиса 7 нафари дигар кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд.

Ӯ афзуд, ки то кунун ҷузъиёти бештар дар бораи ҳувияти кушташудагон дар даст нест.

Илҳом ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ки вулусволии Дашти Арчӣ барои ширкат дар як маросими фотиҳахонӣ ба масҷиди ин вулусволӣ рафта буд, ки ҳамлакунандаи интиҳорӣ маводди инфиҷории ҳамроҳи худро мунфаҷир кард

Ин ҳамла ҳаволии соъати 8 субҳ ба вақти маҳаллӣ рӯй дод.