Ҳамлаи интиҳории пулиси марзии афғон дар шаҳраки Испинбулдак

Мақомоти афғон мегӯянд як фармондеҳи пулиси марзӣ ва як ғайринизомии афғон бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд.
Ҷовид Файсал, сухангӯйи волии Қандаҳор, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамла ҳаволии соъати 9:30 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии як истгоҳи бозрасӣ дар шаҳраки марзии Испинбулдак рӯй дод.
Ҳашт нафари дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд.
Сухангӯйи волии Қандаҳор мегӯяд, ки ду нафар аз захмиҳо маъмурони пулис ва шаш нафари дигар ғайринизомиён ҳастанд.
Оқои Файсал гуфт, ки фарди муҳоҷим аз шаҳри марзии Чаман дар Покистон вориди Испинбулдак мешуд, ки бумбҳои худро мунҷаҷир кард.
Толибон масъулияти ин ҳамларо пазируфта ва Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, ки худро сухангӯйи Толибон муъаррифӣ мекунад, гуфта, ки ҳамаи қурбониён нерӯҳои пулиси марзӣ будаанд.
Шаҳраки марзии Испинбулдак аз пуррафтуомадтарин манотиқи марзии миёни Афғонистон ва Покистон аст. Рӯзона садҳо нафар ба қасди тиҷорат ва сафар аз ин минтақаи марзӣ убур мекунанд.
Чанд моҳ қабл низ як ҳамлаи интиҳорӣ дар ин маҳал панҷ ғайринизомиро кушт ва ҳаждаҳ нафари дигарро захмӣ кард.
