Мақомҳои Қандаҳор Толибонро ба сар буридани ду кӯдак муттаҳам карданд
Мақомоти вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон гуфтаанд, ки Толибон ду писари даҳ ва шонздаҳсоларо ба иттиҳоми "ҷосусӣ ба нерӯҳои давлатӣ" сар буридаанд.
Ҷовид Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфтааст, ки афроди мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳи Толибон ин ду кӯдакро дирӯз дар вулусволии Жирай сар буриданд.
Манобеъи пулис гуфтаанд, ки аҷсоди ин кӯдакон бомдоди имрӯз дар биёбоне наздик ба минтақаи кӯҳистонии "Тудеҳ" дар масири ҷодаи Ҳирот-Қандаҳор пайдо шуд.
Ғурзанг Афридӣ, аз масъулони пулис гуфта, ки ин ду кӯдак фарзандони ду хонаводаи фақире аз минтақаи "Наҳри Корез" буданд ва дирӯз миқдоре пасмондаи ғазо аз маъмурони пулиси як посгоҳ гирифтанд, дар вақти бозгашт ба хонаҳои худ аз суи Толибон мутаваққиф шуданд.
Турёлай Висо, волии Қандаҳор сар буридани ин ду кӯдакро "ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ" тавсиф кардааст.
Аммо гурӯҳи Толибон иттиҳоми қатли ин ду кӯдакро рад кардааст.
Қорӣ Муҳаммадюсуф, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфта, ки ин гурӯҳ аз муддате пеш ба ин су сар буридани атбоъи кишварро манъ карда ва сар буридани ин кӯдаконро ҳам маҳкум мекунад.
Толибон соли гузашта низ муттаҳам ба сар буридани ду кӯдак, яке дар ҷануб ва яке дар ғарби Афғонистон шуданд.
Ба ҳамин тартиб ду соли пеш ҳам мақомҳои давлатӣ дар вилояти Ҳилманд ин гурӯҳро ба сар буридани чаҳор нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба давлат муттаҳам карданд.
