Таваққуфи ирсоли тадорукоти Омрико ба Афғонистон аз роҳи Покистон

Вазорати дифоъи Омрико (Пентогун) мегӯяд, ки ба хотири мулоҳизоти амниятӣ ва эътирозоти умумӣ дар Покистон, ирсоли маҳмулаҳои тадорукотӣ аз тариқи гузаргоҳи марзии Турхами Покистон ба Афғонистонро мутаваққиф кардааст.
Иллати ин тасмим эътирозоти мардумӣ аст, ки аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Омрико дар хоки Покистон хашмгин ҳастанд ва ҷилави комюнҳои тадорукотии нерӯҳои байналмилалиро гирифта ва монеъ аз ҳаракати онҳо шудаанд.
Ҳудуди ниме аз маҳмулаҳои тадорукотии мавриди ниёзи Омрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон аз Покистон ба Афғонистон мунтақил мешавад, ки муҳимтарин масири он аз иёлати Хайбари Пахтунхои Покистон ва гузаргоҳи Турхам мегузарад.
Ин дар ҳолест, ки эҳсосости зиддиомрикоӣ дар ин минтақа башиддат боло гирифтааст.
Имронхон, раҳбари Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон, ахиран таҳдид карда буд дар сурате, ки Омрико ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини худро мутаваққиф накунад, дар Хайбари Пахтунхо тазоҳуроте умумиро бо ҳадафи таваққуфи масири тадорукотии НОТУ барпо хоҳад кард.
Имронхон Омрикоро муттаҳам карда, ки бо куштани Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон, ба талошҳои сулҳ ва раванди музокира бо Толибон латма задааст.
Морк Ройт, сухангӯйи Пентогун, рӯзи сешанбеи 3 декабр ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда наздики ин масири тадорукотии истротежик муҷадад боз шавад.
Ӯ гуфт, ки баста шудани муваққати масири Хайбар аз лиҳози тадорукотӣ ба нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон латмае нахоҳад зад.
Як масири дигари убури корвонҳои НОТУ дар Покистон, ки аз гузаргоҳи Чамани устони Балучистон дар ҷануби ғарбии Покистон мегузарад, ҳамчунон боз аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори зиёде аз нерӯҳои омрикоӣ қарор аст дар соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд, ин масир барои Омрико аҳаммияти бисёр зиёде дорад.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд давлати Покистон таъкид дорад, ки ба иҷозаи убури корвонҳои тадорукотӣ мутаъаҳҳид аст, аммо дар баробари муътаризоне, ки монеъ аз убури комюнҳо шудаанд, иқдоми ҷиддӣ анҷом надодааст.
