Дафтари Ҳомиди Карзай: Омрико сӯхт ва тадорукоти артиш ва пулисро қатъ кардааст

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз қатъи сӯхт ва дигар тадорукот аз сӯйи Омрико ба артиш ва пулиси миллии Афғонистон хабар додааст.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар як номаи хабарӣ, ки дар вебсойти худ мунташир карда навишта, ки вазирони дифоъ ва дохила, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ба раёсати Ҳомиди Карзай, аз қатъи сӯхт ва тадорукоти чанд воҳид аз артиш ва пулиси миллии Афғонистон тавассути Иёлоти Муттаҳида хабар доданд.
Дар ин нома гуфта шуда, ки Шӯрои амнияти миллии Афғонистон ин амали Омрикоро хилофи таъаҳҳудоти қаблиаш донистааст.
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, қатъи сӯхт ва тадорукот аз сӯйи Омрикоро "василаи фишор аз ҷониби Омрико" ба манзури водор кардани Афғонистон "ба чашмпӯшӣ аз шароиташ" барои имзои қарордоди амниятӣ бо Омрико хондааст.
Пас аз поёни Луя Ҷиргаи машваратӣ ва ҳимояти ин ҷирга аз имзои қарордоди амниятӣ бо Омрико дар ҳафтаи пеш Ҳомиди Карзай шароити ҷадидеро барои имзои ин мувофиқатнома эълом кард ва гуфт, ки имзои мувофиқатномаро ба пас аз интихоботи раёсати ҷумҳуриӣ мавкул мекунад.
Ӯ дар суханронии ихтитомияи Луя Ҷирга ва баъд дар дидор бо Сузон Ройс, мушовири амнияти миллии Борок Убомо, гуфт таъмини сулҳ ва амният дар Афғонистон оғози дубораи гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон, озодии зиндониёни Толибон аз Гуонтоному ва баргузории интихоботи "шаффоф"-ро аз шароити ҷадидаш барои имзои мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрико хондааст.
Давлати Омрико хоҳони имзои ин мувофиқатнома то поёни соли мелодӣ аст ва гуфтааст, ки имзои ин мувофиқатнома ба Омрико иҷоза медиҳад, то барои идомаи ҳузури нерӯҳояш дар Афғонистон пас аз хуруҷи комили нерӯҳои размӣ дар поёни соли 2014 барномарезӣ кунад.
Онҳо ҳамчунин истидлол мекунанд, ки имзои ин мувофиқатнома боъиси таъмини итминон ва эътимод дар миёни афғонҳо мешавад, ки башиддат нигарони авзоъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар ҳастанд.
То кунун нерӯҳои омрикоӣ дар мавриди қатъи сӯхт ва дигар мавориди тадорукотӣ ба нерӯҳои артиш ва пулиси Афғонистон ибрози назаре накардаанд.
