Ҳомид Карзай "пайгирии ҷароими ҷангиро мутаваққиф кардааст"

  • 1 Декабр, 2013
Image caption Дидабони ҳуқуқ башар мегӯяд, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон талошҳо барои ҳисобгирӣ аз омилони ҷароими ҷангиро мутаваққиф кардааст

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар аз додгоҳи байналмилалии Лоҳа хоста, ки талошҳои худро барои такмили мароҳили ибтидоии баррасии парвандаҳои ҷароими ҷангӣ дар Афғонистон суръат бибахшад.

Ин созмон бо интишори гузорише гуфтааст, ки иртикоби ҷароими ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар 35 соли гузашта ҷараён дошта ва ҳамчунон идома дорад, дар ҳоле ки ба бовари масъулони ин созмон ҳеҷ бозпурсӣ аз муртакибони ҷароими ҷангӣ ва зидибашарӣ вуҷуд надоштааст.

Ҳидар Бор, пажӯҳишгари аршади Дидабони ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар суҳбате бо Би-би-сӣ гуфт, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон талошҳои худ барои дунбол кардани раванди ҳисобгирӣ аз ноқизони ҳуқуқи башар ва омилони ҷароими ҷангиро мутаваққиф кардааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ба ин далел ки шуморе аз афроди ҳукуматӣ ва шуракои муҳими давлат дар ҷароими ҷангӣ даст доштаанд, намехоҳад парвандаи ҷиноёти ҷангиро пайгирӣ кунад.

Хонуми Бор афзуд: “Бисёре аз афроде, ки тавассути ин гузориш ва пайгирии ҷароими ҷангӣ мутаассир мешаванд, дар ҳукумати оқои Карзай кор мекунанд ва ё шуракои муҳими давлат ҳастанд ва раиси ҷумҳурӣ ҳам барои ин ки ин афрод дар вазъияти бадтаре қарор нагиранд, аз пайгирии адолат барои қурбониёни ҷангҳо чашмпӯшӣ мекунад."

Аммо Эмал Файзӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурии Афғонистон нукоти матраҳшуда алайҳи Ҳомид Карзай дар ин гузоришро иддаъо хонда ва гуфта ин иддаъо аз талошҳо барои эъмоли фишори сиёсӣ болои раиси ҷумҳурии Афғонистон аст.

Ҳукумати Афғонистон дар солҳои гузашта талошҳо барои мустанадсозии вақойеъи ҷангӣ ва шиносоии омилони нақзи ҳуқуқи башар ва ҷинояткорони ҷангӣ ба харҷ дода, аммо то ҳанӯз гузорише дар ин замина пахш накардааст.

Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ҳам пас аз фурӯпошии гурӯҳи Толибон солҳои зиёдеро вақфи таҳияи гузориши ноқизони ҳуқуқи башар ва ҷинояткорони ҷангӣ кард, аммо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ гуфтаанд, ки ин гузориш ду соли пеш такмил шуда, аммо раиси ҷумҳурии Афғонистон монеъи нашри он шудааст.

Дидабони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки ин вазъият ба шиддат нигарониофарин аст, чун эҷоди сабот барои ояндаи Афғонистон бидуни баррасии парвандаҳои ҷароими ҷангӣ ва зидибашарӣ ва шунидани ҳарфҳоии қурбониёни ҷангҳои Афғонистон номумкин аст.

"Ноқизон наметавонанд аз адолат фирор кунанд"

Дар ҳамин ҳол Ричорд Дикар, масъули адолати байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар ҳам гуфтааст, ки ёфтаҳои бозрасони додгоҳи Лоҳа нишон медиҳад, ки ҷароими ҷангӣ ва ҷароими алайҳи башарият дар Афғонистон ниёз ба пайгирии ҷиддӣ дорад, то ба ноқизони ҳуқуқи башар дар Афғонистон гӯшзад шавад, ки наметавонанд барои ҳамеша аз адолат фирор кунанд.

Дар гузориши Дидабони ҳуқуқи башари Афғонистон омадааст илова бар ин ки бозрасони додгоҳи Лоҳа барои шаш сол масъалаи ҷароими ҷангиро баррасӣ кардаанд, Дидабони ҳуқуқи башар ҳам дар ҳамин муддат мавориди ҷиддии нақзи ҳуқуқи башарро мустанадсозӣ кардааст.

Ҳоло созмони Дидабони ҳуқуқи башар нигарон аст, ки бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар поёни соли 2014 мелодӣ давлати Афғонистон ва тавмилкунандагони хориҷӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба мушкили давомдори "маъофият дар баробари ноқизони ҳуқуқи башар" накардаанд, то адолат барои қурбониёни ҷангҳои Афғонистон таъмин шавад.

Матолиби муртабит