Нигаронии Дидабони ҳуқуқи башар аз мушкилоти занон дар суфуфи пулиси Афғонистон

Созмони Дидабони ҳуқуқ башар мегуяд, ки адами дастрасии бонувони пулис дар Афғонистон ба тасҳилоти ибтидоӣ аз ҷумлаи ташноб/туолет ва рахткан сабаби озори ҷинсии бонувони пулис шудааст.
Дидабони ҳуқуқи башар, ки мақари он дар Ню-йорки Омрико аст бо нашри гузорише аз давлати Афғонистони хоста, ки барои ҷилавгирӣ аз озор ва таҷовузи ҷинсӣ ба нерӯи пулиси зан бояд фавран заминаи дастрасии бонувони пулисро ба ташноб ва рахтканҳои ҷудогона фароҳам кунад.
Вазорати умури дохила мегуяд, ки мавориде аз озори ҷинсии бонувони пулис аз сӯи сарбозони пулиси мардро сабт кардаанд.
Як масъули пулиси камарбанди вурудии шаҳри Кобул, ки нахост номаш ифшо шавад ба Би-би-сӣ гуфт ки сарбозони пулиси мард ва зан дар ин камарбанди шаҳрӣ аз ташноби муштарак истифода мекунанд.
Ӯ гуфт, ки дар канори сойири сарбозоне, ки муваззафи бозрасии васоит ҳастанд, як пулиси зан ҳам барои бозрасии хонумҳо муваззаф шудааст.
Ӯ афзуд: "Мо ҳама аз ташнобҳои сайёр истифода мекунем дар миёни мо як пулис аз табақаи уннос ҳам ҳаст ва ҳама аз ҳамин як ташноб истифода мекунем."
Ковун Хамуш, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул, ки имрӯз ба чанд камарбанди амниятии пойтахт ва истҳои бозрасии пулис сар зада, мегӯяд, ки дар аксари марокизи бозрасии пулис дар Кобул маҳали ҷудогона ва муносибе барои рафъи зарурати бонувони пулис дар назар гирифта нашуда ва занон ва мардони пулис аз ташноби муштарак истифода мекунанд.
Дар Афғонистон танҳо 1 дарсади 150 ҳазорнафарии пулис занон ҳастанд. Давлати Афғонистон дар солҳои гузашта тавониста танҳо 2200 занро дар суфуфи пулис ҷазб кунад.
Дидабони ҳуқуқи башар дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки бештари ташнобҳое, ки барои нерӯҳои пулис дар назар гирифта шуда, қуфл намешаванд ва маҷрои дид доранд.
Ин созмон дарёфтааст, ки занони пулис ҳангоми рафъи зарурат 2 нафарӣ ба ташноб мераванд ва яке аз онҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси эҳтимолӣ дар берун посбонӣ мекунад.
Созмони Дидабони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки барои таҳияи гузориш дар мавриди мизони дастрасии занони пулис ба тасҳилоти ибтидоӣ аз чанд посгоҳи низомӣ дидан карда ва бо мақомоти дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунини пулиси зан суҳбат кардаанд.
Ҳидар Бор, пажӯҳишгари Дидабони ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар суҳбате бо Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи истифода занон ва мардони пулис аз ташноб ва рахткани муштарак бисёр ҷиддӣ аст.
Хонум Бор гуфт: “Мумкин нест занон дар маҳалле кор кунанд, ки натавонанд ба гунаи масун аз ташноби он истифода кунанд, имкон надорад, ки аз занон хоста шавад барои рафъи зарурат ба фазои бозе бираванд ва ё ҳам якҷо бо мардон аз ташноби муштараке истифода кунанд, ки қуфл намешавад."
Ӯ ҳушдор дод, ки агар давлати Афғонистон фавран ин мушкилро ҳал накунад, занон аз пайвастан ба суфуфи пулис мунсариф мешаванд ва нерӯи пулиси зан низ тарки вазифа хоҳанд кард.
Давлати Афғонистон барои тақвияти нақши занон дар таркиби нерӯҳои амниятиӣ талошҳои зиёде ба харҷ дода ва пули зиёдеро барои огоҳидиҳӣ ба манзури ҷалби занон дар артиш ва пулис ба масраф расондааст.
Нерӯҳои пулиси зан дар Афғонистон маъмулан ба хати ҷанг фиристода намешаванд ва бештар машғули фаъолиятҳои идорӣ ва бозрасии сойири занон дар камарбанди шаҳрӣ ҳастанд.
Вазорати умури дохилаи Афғонистон мавориди озор ва азияти ҷинсии боувони пулис тавассути сарбозони пулиси мардро таъйид мекунад.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазораити умури дохила ба Би-би-сӣ гуфт: "Мавориди бадрафтории пулиси мард алайҳи бонувони пулисро сабт кардаем, дар гузашта афрод ва ашхосе ҳастанд ва ё буданд, ки ба далели бадрафторӣ ва амалкарди нодуруст бо хонумҳо боздошт шуданд ва ҷазо дидаанд."
Оқои Сиддиқӣ инро ҳам гуфт, ки барои фароҳамоварии тасҳилот ба манзури фаъолияти масуни бонувони пулис барномаҳое дар дастури кор доранд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бо татбиқи ин барномаҳо интизор доранд теъдоди нерӯи пулиси зан то поёни маъмурияти низомии НОТУ дар соли 2014 ба 5000 тан бирасад.
