Нигаронии Милали Муттаҳид аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон

  • 17 Сентябр, 2013
Новӣ Пилой
Image caption Хонум Пилой мегуяд ӯ аз вахомати вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҷиддан нигарон аст

Новӣ Пилой, раиси бахши ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки ба Афғонистон сафар карда, аз бадтар шудани вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки дар ҷараёни беш аз як даҳаи гузашта Афғонистон шоҳиди пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе дар заминаи ҳуқуқи башар буда, аммо ҳоло вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар рӯ ба вахомат аст.

Ба гуфтаи ӯ ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо поёни барномаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ва сиёсӣ аз хориҷиҳо ба афғонҳо дастовардҳои як даҳаи гузашта аз байн биравад.

Ӯ афзуд: "Ман аз ин ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон рӯ ба вахомат аст, ҷиддан нигарон ҳастам. Фаъъолони мадании Афғонистон низ нигарон ҳастанд, дастовардҳои дувоздаҳ соли гузашта бо хатар рӯ ба рӯ шавад."

Хонум Пилой ба коҳиши саҳми ихтисосии занон дар шуроҳои вилоятӣ ба унвони намуна ишора кард.

Дар қонуни ҷадиди интихоботи Афғонистон курсиҳои занон дар шуроҳои вилоятии ин кишвар аз 25 дарсад ба 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Хонум Пилой ҳамчунон мегӯяд, ки талошҳо ба гунаи пинҳон дар Афғонистон ҷараён дорад то ҳимоят аз ҳуқуқи занонро заъиф созад.

Image caption Афзоиши талафоти ғайринизомиён дар ҷанги Афғонистон аз нигарониҳои Милали Муттаҳид дар Афғонистон аст

Ӯ мегӯяд, ки ба ҳамин далел қонуни манъи хушунат алайҳи занон иҷро намешавад.

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар низ ба тозагӣ аз раиси ҷумҳурии Афғонистон хоста, ки барои иҷроӣ шудани ин қонун бештар бикӯшад.

Ин қонун ки дар ҳоли ҳозир бар асоси фармони тақнинии Ҳомиди Карзай иҷроӣ аст, қарор буд дар маҷлиси намояндагон тасвиб шавад, аммо бо мухолифатҳо аз суи афроди муҳофизакор рӯ ба рӯ шуд ва аз дастури маҷлис берун кашида шуд.

Раиси бахши ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид низ аз раиси ҷумҳур Карзай ба сурати ҷиддӣ хост, ки дастовардҳои як даҳаи гузашта дар бахши ҳуқуқи башар набояд қурбонии муомилоти сиёсӣ дар ҷараёни интихобот шавад.

Афзоиши талафоти ғайринизомиён дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз нигарониҳои дигари хонуми Пилой буд.

Дафтари ҳайати намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон дар гузориши тозаи худ, ки дар моҳи мурдод/асад мунташир шуд, эълом кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷории мелодӣ дар Афғонистон 1319 ғайринизомӣ кушта ва 2533 тани дигар захмӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳ дар соли гузашта 23 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Ақибгард барои кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон

Хонум Пилой ҳамчунон аз аъзои тоза муаррифишудаи кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон интиқод кард.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи хурдод/ҷавзо ҳаждаҳ моҳ пас аз он ки мавъиди кории панҷ тан аз аъзои пешини кумиссиюни ҳуқуқи башар тамом шуд, панҷ узви ҷадиди кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башарро мансуб кард.

Image caption Аъзои кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар ба таври расмӣ ба торихи панҷуми тир/саратон муъаррифӣ шуданд

Наздикии афроди тоза муаррифишуда дар кумиссиюн бо арги раёсати ҷумҳурӣ ва надоштани собиқаи корӣ дар арсаи ҳуқуқи башар аз муҳимтарин интиқодоти шуморе аз ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар гузиниши афроди ҷадид дар кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар буд.

Ҳамчунин яке аз аъзои ҷадиди кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон собиқаи кор дар ҳукумати Толибонро дорад.

Новӣ Пилой бо таваҷҷуҳ ба ин масойил гуфт: "Ман нигаронам ки интисоби кумиссорҳоиҷадид, кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистонро заъиф созад. Бар асоси усулномаи Порис бояд касоне дар ин ниҳод мансуб шаванд, ки масойили ҳуқуқи башарро бидонанд ва дастикам дар бахши ҳуқуқи башар то андозае таҷриба дошта бошанд."

Раиси бахши ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки гузиниши панҷ узви тозаи кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башар сабаб хоҳад шуд, ки ин кумиссиюн дар арзёбии моҳи ноябри "кумитаи байналмилалии ҳамоҳангӣ" мақоми худро аз даст дода ва ба унвони як ниҳоди дараҷаи дувум шинохта шавад.

Ба гуфтаи ӯ ин амр барои як ниҳоди ҳуқуқибашарӣ ақибгарде дарднок хоҳад буд.

Матолиби муртабит