СММ аз афзоиши 23 дарсадии талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон хабар дод

  • 31 Июл, 2013
Ён Кубич
Image caption "Афзоиши истифодаи беравия аз бумбгузориҳои канориҷодаӣ ва куштори ҳадафманди ғайринизомиён тавассути аносури зиддидавлатӣ ба сурати мушаххас ҳушдордиҳанда аст ва бояд мутаваққиф шавад"

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Афғонистон аз афзоиши 23 дарсадии талафоти ғайринизомиён хабар дода ва бумбгузориҳо тавассути шӯришиёнро омили аслии он донистааст.

Дафтари ҳайати кумаки Созмони Милал дар Афғонистон, Юномо дар гузориши тозаи худ навишта, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷории мелодӣ дар Афғонистон 1319 ғайринизомӣ кушта ва 2533 тани дигар захмӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳ дар соли гузашта 23 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Юномо шӯришиёнро "омили аслии" куштори ғайринизомиён муаъррифӣ карда ва дар гузориши худ куштори 1037 ғайринизомиро ба онҳо ва қатли 144 ғайринизомии дигарро ба нерӯҳои тарафдори давлат (давлатӣ ва байналмилалӣ) нисбат додааст.

Бо ин ҳисоб Юномо аносури мухолифи давлатро омили талафоти 74 дарсад, нерӯҳои тарафдори давлатро масъули талафоти 9 дарсади дигар аз талафоти ғайринизомиён дониста ва афзуда, ки 12 дарсади дигар дар даргириҳо талаф шудаанд, ки ба ҳеҷ ҷонибе қобили интисоб нест ва 5 дарсади дигар ҳам қурбонии инфиҷори маводи мунфаҷира шудаанд.

Дар ин гузориш омори захмиёни ҷанги Афғонистон дар шаш моҳи аввали имсол ҳам мушаххас шудааст; масъулияти захмӣ шудани 1725 тан ба шӯришиён ва масъулияти ҷароҳати 216 нафари дигар ба нерӯҳои тарафдори давлат нисбат дода шудааст.

Image caption Маъмурони пулис дар ҳоли интиқоли қурбонии инфиҷорӣ дар шаҳри Маймана дар шимоли Афғонистон

Ён Кубич, фиристодаи вижаи дабири кули Созмони Милал дар Афғонистон гуфтааст: "Таъсири шадиди ҷанг бар ғайринизомиёни афғон бо таваҷҷуҳ ба афзоиши талафоти ғайринизомиён дар соли 2013 ниёзманди таъаҳҳуд ва талошҳои бештари тарафҳои даргири ҷанг барои муҳофизати беҳтари ғайринизомиён аст, ки ба таври фазоянда кушта ва захмӣ мешаванд."

Ӯ афзудааст: "Афзоиши истифодаи ‎беравия аз бумбгузориҳои канориҷодаӣ ва куштори ҳадафманди ғайринизомиён тавассути аносури зиддидавлатӣ ба сурати мушаххас ҳушдордиҳанда аст ва бояд мутаваққиф шавад."

Дар гузориши мавриди назар, ки тавассути бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Афғонистон таҳия шуда, омадааст: "Омили аслии афзоиши ғайринизомиён истифода аз бумбгузориҳои канориҷодаӣ аст. Дар ин бумбгузориҳо 443 нафар кушта ва 917 нафар захмӣ шудаанд, ки баёнгари афзоиши 34 дарсадии талафот дар муқоиса бо замони мушобеҳ дар соли 2012 аст."

Юномо даргирии заминии байни нерӯҳои тарафдори давлат ва шӯришиёнро дувумин омили талафоти ғайринизомиён дониста ва афзуда, ки дар ин даргириҳо 207 нафар кушта ва 764 тани дигар захмӣ шудаанд.

Вокунишҳо

Пахши ин гузориш вокуниши фаврии гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои таҳти фармони НОТУро ба дунбол дошт.

Image caption Нерӯҳои тарафдори давлат масъули талафоти 9 дарсад аз талафоти ғайринизомиён дониста шудаанд

Гурӯҳи Толибон, ки омили куштори 74 дарсади ғайринизомиён дониста шуда, бо судури Эъломияе Созмони Милалро муттаҳам карда, ки ин гузоришро "мутобиқи мизоҷи омрикоиҳо" мунташир карда ва онро талоше дар ростои таблиғ алайҳи худ донистааст. Толибон талафоти ғайринизомиён дар ҳамалоти худро "иддаъои комилан беасос ва дур аз воқеъият" хондааст.

Дар эъломияи Толибон омадааст: "Мо ҳеҷ гоҳ он афродеро, ки дар ишғоли кишвар саҳим буда ва дар давоири хатарноки душман кор мекунанд, афроди мулкӣ (ғайринизомӣ) намедонем."

Аммо НОТУ аз пахши ин гузориш истиқбол карда ва дар эъломияе навишта, ки "Мо таъаҳҳуди худ дар амри муҳофизат аз ғайринизомиёни афғонро ҷиддӣ мегирем. Мо дӯшодӯши нерӯҳои амниятии Афғонистон гоми мусбатеро барои коҳиши шумори талафоти ғайринизомиён бардоштаем ва талошҳои мо натоиҷи воқеӣ дар пай доштааст".

НОТУ афзуда, ки "бетаваҷҷуҳии Толибон ба зиндагии инсонҳо "боъиси талафоти дарсадии бузурге аз талафоти ғайринизомиён шуда ва истифодаи бебокона аз бумбгузориҳои канориҷдаӣ тавассути Толибон баёнгари он аст, ки ин гурӯҳ ваъдаҳои худ ба муҳофизат аз афроди бегуноҳро ҷиддӣ намегирад."

Матолиби муртабит