Инфиҷори бумби канориҷодаӣ дар Вардак ҷони 9 ғайринизомиро гирифт

Дар натиҷаи бархӯрди як утубус бо бумби канориҷода дар вилояти марказии Майдон Вардаки Афғонистон 9 ғайринизомӣ кушта шуда ва 21 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯйи волии Майдон Вардак, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса соъати 9-и субҳи имрӯз дар минтақаи Солори вулусволии Сайидободи Майдони Вардак рух додааст.
Оқои Хугиёнӣ гуфт, ки тамоми мусофирони утубус ғайринизомиён буданд, ки аз вилояти Ғазнӣ ба тарафи Кобул дар ҳаракат буданд.
Сухангӯйи волии Вардак ҳамчунин гуфт, ки дар ин рӯйдод як зану як кӯдак кушта шуда ва шаш зан ба ҳамроҳи чаҳор кӯдак ҳам захмӣ шудаанд.
То кунун масъулияти коргузории ин бумби канориҷодаро фард ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
Аммо Абдулволӣ, сухангӯйи пулиси Майдон Вардак, гуфт, ки дар бештари маворид мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар шоҳроҳҳои Ғазнӣ-Кобул, ки аз масири вилояти Майдон Вардак мегузарад, бумбҳои канориҷодаро ҷосозӣ мекунанд.
Сухангӯйи пулиси Вардак афзуд, ки қурбониёни рӯйдодҳои мушобеҳ аксаран ғайринизомиёне ҳастанд, ки аз як вилоят ба вилояти дигар сафар мекунанд.
Пулиси Вардак ҳамчунин гуфт, ки захмиҳои ин рӯйдодро ба маркази вулусволии Сайидобод интиқол дода ва афроде, ки вазъияташон вахим аст, низ ба вилояти Кобул мунтақил хоҳанд шуд.
Бумбҳои канориҷодаӣ дар солҳои гузашта ба унвони бузургтарин қотили ғайринизомиён шинохта шуда ва омили дарсади бештари талафот дар Афғонистон ба шумор меравад.
