Дидбони Ҳуқуқи Башар хостори тасвиби қонуни манъи хушунат алайҳи занони афғон шуд

  • 4 Сентябр, 2013
Image caption Дидбони Ҳуқуқи Башар: Издивоҷҳои иҷборӣ ва хушунатҳои хонаводагӣ яке аз чолишҳои бузург дар Афғонистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, хостааст барои тасвиб ва иҷрои қонуни манъи хушунат алайҳи занон талош кунад.

Ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар афзудааст, ки бо наздик шудани замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, лозим аст оқои Карзай ба унвони шахсе, ки 11 сол зимоми умурро дар ин кишвар бар уҳда дошта, қонуни манъи хушунат алайҳи занонро ҳарчи зудтар ба тасвиб бирасонад.

Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар авохири урдубииштмоҳи соли ҷорӣ лоиҳаи манъи хушунат алайҳи занонро ба далели ин ки шуморе аз намояндагони муҳофизакори маҷлис маводде аз онро муғойири аҳкоми шариъати ислом донистанд, тасвиб кард.

Бо вуҷуди ин фармони Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар мавриди манъи хушунат алайҳи занон аз чаҳор сол пеш дар ҳоли иҷрост.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Карзай хостааст, ки бо таваҷҷуҳ ба мухолифатҳое, ки ар саросари Афғонистон дар муқобили қонунӣ кардани манъи табъиз ва хушунат алайҳи занон вуҷуд дорад, ба унвони раиси ҷумҳурӣ дар заминаи тасвиби қонуни манъи хушунат алайҳи занон ва иҷроӣ шудани он талош кунад.

Дар гузориши ин созмон, ки нусхае аз он ба раиси ҷумҳурии Афғонистон ироа шуда, аз Ҳомид Карзай хоста шуда ин гузоришро дар ихтиёри тамомии ниҳодҳо ва афроди бонуфуз дар ниҳодҳои давлат қарор диҳад, то заминаи мусоъиде барои тасвиби қонуни манъи хушунат алайҳи занон фароҳам ояд.

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар бо тақдир аз эҷоди "хонаи амн" барои занон дар Афғонистон афзудааст, ки эҷоди ниҳодӣ барои ҳимоят аз хонаводаҳо дар вазорати дохила ва ҳамчунин дар додситонии Афғонистон аз иқдомоти арзандаи давлати Афғонистон ба шумор меояд.

Афзоиши теъдоди сарбозони зан, тасвиби қонуне, ки синни издивоҷро барои духтарон ва писарони 18 сол таъйин кунад, иттилоърасонӣ дар мавриди мушкилоти ношӣ аз издивоҷҳои зудҳангом ва иҷборӣ, иқдомоти лозим барои коҳиши хушунати хонагӣ ва ҳимояти ҳамаҷониба аз хонаи амн, аз хостаҳои дигари Дидбони Ҳуқуқи Башар аз раиси ҷумҳурии Афғонистон аст.

Ин ниҳод дар идома аз давлати Афғонистон хостааст барои поён додан ба издивоҷҳои зудҳангом ва хушунати хонагӣ дар ин кишвар иқдом кунад.

Ин созмон дар гузорише, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул нашр шуд, афзудааст, ки мутолиъоти анҷомшуда нишон медиҳад, ки ин ду падида паёмадҳои беҳдоштӣ ва иқтисодии зиёнборе дар ҷомеъа доранд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар таъкид кардааст, ки издивоҷи духтарон қабл аз синни 18-солагӣ хатароти зиёдеро мутаваҷҷеҳи онон мекунад ва боъиси осебҳои шадиди ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба онон мешавад.

Бар асоси ин гузориш, фарзандони ин модарон дар вазъи ҷисмии муносибе нестанд ва навзодони онон бо хатари маргу мир мувоҷеҳ ҳастанд. Илова бар он, афроде, ки зери синни 18-солагӣ издивоҷ мекунанд, дар маърази хушунати хонагӣ қарор мегиранд, ки метавонад бар иқтисоди кишвар таъсири номатлуб бигзорад.

Ҳазинаи издивоҷ дар Афғонистон ба таври мутавассит ба шаш ҳазор дулори омрикоӣ мерасад.

Ин гузориш бо зикри иттилоъоте дар мавриди кишварҳои исломӣ ва ё кишварҳое, ки дорои ҷамъияти қобили таваҷҷуҳи мусулмонон ҳастанд, ёдовар шудааст, ки ин кишварҳо ё қавонинро барои ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои зери синни қонунӣ ва издивоҷи иҷборӣ ва хушунати хонагӣ ба тасвиб расонда ва ё муқаррароте дар ин замина тадвин кардаанд.

Дар ин гузориш аз кишварҳои Банглодеш, Ҳинд, Миср, Ироқ, Либӣ, Тонзониё, Мороку (Марокаш), Урдун, Умон ва теъдоди дигар аз кишварҳо ном бурда шуда, ки иқдомоти қонуниро дар бораи мубориза бо издивоҷҳои зери синни қонунӣ ва хушунатҳои хонаводагӣ анҷом додаанд.

Тарҳи қонуни манъи хушунат алайҳи занон дар июли 2009 ба шакли фармони қонунии раиси ҷумҳур дар чаҳор фасл ва 44 модда омода шуд.

Матолиби муртабит