ДҲБ: Давлати Эрон ҳуқуқи коргаронро поймол мекунад

  • 30 Апрел, 2013
Image caption Коргарони эронӣ аз бисёре аз ҳуқуқи асосии коргарӣ аз ҷумла ҳаққи ташкили иттиҳодияи мустақил маҳруманд

Як созмони мудофеъи ҳуқуқи башар давлати Эронро ба нақзи фазояндаи ҳуқуқи коргарони ин кишвар муттаҳам кардааст.

Дар остонаи аввали моҳи май, рӯзи ҷаҳонии коргар, созмони Дидабони ҳуқуқи башар (ДҲБ) бо интишори баёнияе бо муттаҳам кардани давлати Эрон ба нақзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи коргарон дар ин кишвар гуфтааст, ки даҳ тан аз коргарон ва фаъолони иттиҳодияҳои мустақили коргарӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ "ба хотири сухан гуфтан дар дифоъ аз ҳуқуқи коргарон" боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Ин созмон аз давлати Эрон хоста аст то "ба ин саркӯб поён диҳад ва бо наздик шудани аввали моҳи май, рӯзи ҷаҳонии коргар мудофеъони ҳуқуқи коргаронро озод кунад."

Ин баёния меафзояд, ки бо оғози давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмаднажод таҳоҷум ба ҳуқуқи коргарон дар Эрон шиддат гирифт ва нерӯҳои амниятӣ ба иръоб ва боздошти ғайриқонунии теъдоди рӯзафзуне аз коргарон мубодират карданд ва ононро бо ангезаҳои сиёсӣ таҳти пайгард қарор доданд ва ба муҳокимаҳои ғайримунсифона кашонданд.

Дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияи худ менависад, ки саркӯби ҳаққи ташкили синдикоҳои коргарӣ ва мудофеъони ҳуқуқи коргарон дар Эрон монеъ аз он шудааст, то онон битавонанд бар сиёсатҳои коргарии давлат ва шароити кор таъсире бигузоранд, дар ҳоле ки вахомати авзоъи иқтисодии Эрон бисёре аз мардумро ба домони фақр афкандааст.

Бар асоси ин баёния дар Эрон ташкили иттиҳодияи коргарии мустақил мамнуъ аст ва даҳ тан аз фаъолони коргарӣ танҳо ба ҷурми талош барои бархурдорӣ аз ҳаққи ташаккул зиндонӣ шудаанд ва бисёре дигар бо супурдани васиқа дар хориҷ аз зиндон ва дар интизори расидагии додгоҳҳои инқилоб ба парвандаҳояшон ба сар мебаранд.

Дидабони ҳуқуқи башар менависад, ки рӯзи 15 апрел - понздаҳ рӯзи пеш Ризо Шаҳобӣ, аз раҳбарони синдикоӣ дар Эрон дар хотимаи мураххасии истеълоҷӣ ба зиндони Эвин эҳзор шуд, то давраи маҳкумияти шаш соли ҳабси худро ба иттиҳоми "таблиғ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ" ва "табонӣ алайҳи амнияти миллӣ бигзаронад."

Оқои Шаҳобӣ хазонадор ва аз синдикои коргарони ширкати воҳиди автобусронии Теҳрон ва Ҳума, як иттиҳодияи мустақили коргарӣ дар Эрон аст, ки аъзои он борҳо ҳадафи таҳоҷуми давлати Эрони қарор гирифтаанд.

Дар авоили моҳи март низ мақомоти амниятӣ ҳафт тан аз фаъолони саршиноси коргариро дар Санандаҷ , маркази устони Курдистони Эрон боздошт ва зоҳиран ононро ба фаъолият алайҳи амнияти миллӣ муттаҳам карданд.

Ин баёния ёдовар мешавад, ки қонуни кори Эрон ҳақи ташкили иттиҳодияҳоии коргарии мустақил аз Шурои исломии корро, ки як ниҳоди мавриди таъйид давлат аст, ба расмият намешиносад, аммо коргарон кӯшидаанд ба ташкил ва фаъолият дар чорчӯби чанд иттиҳодияи мустақил мубодират варзанд, ки аз он ҷумла метавон ба синдикои коргарони ширкати воҳиди автобусронии Теҳрон ва Ҳума, синдикои коргарони муҷтамаъи шакари Ҳафттеппа ва иттиҳодияи мустақили коргарони Эрон ишора кард.

Дар айни ҳол аз соли 2005 ба баъд давлати Эрон борҳо ба иръоб, эҳзор, боздошт, муҳокима ва маҳкумияти коргарони муртабит бо ин ташаккулҳои мустақил мубодират кардааст.

Таҳрим ва вахомати шароити коргарон

Дидабони ҳуқуқи башар бо ишора ба пардохт нашудани дастмузди коргарон дар теъдоде аз воҳидҳои тавлидии Эрон менависад, ки ҳудуди 80 дарсад аз коргарони Эрон ба сурати рӯзмузд ё бо қарордоди истихдоми муваққат ва ба шакле ғайрирасмӣ машғул ба кор ҳастанд ва дар натиҷа бо маҳдудияти ҳуқуқи моддӣ ва маҳрумият аз ҳимоят ва амнияти шуғлӣ мувоҷеҳанд.

Image caption Аксари коргарони Эрон бидуни доштани қарордоди доим ва расмӣ ба кор машғуланд ва ҳимояте аз онҳо ба амал намеояд

Маҳрумият аз ҳуқуқи коргарӣ ба хусус дар мавриди гурӯҳҳои осебпазир монанди занон, кӯдакон ва муҳоҷирони афғон мисдоқи бештаре дорад, ба наҳве ки корфармоён дар ихроҷи коргарон, барои занон авлавият қойил мешаванд, то дар ҳазинаҳои марбут ба бимаи дармонӣ ва мураххасии зоймон сарфаҷӯйӣ кунанд.

Дар солҳои ахир шумори коргарони зери понздаҳ сол дар Эрон афзоиши қобили таваҷҷӯҳе ёфта ва бар асоси гузорише, ки маркази пажӯҳишҳои маҷлис дар моҳи сентябри соли 2012 мунташир кард, беш аз 90 дарсад аз се миллиюну дувисту панҷоҳ ҳазор кӯдаки маҳрум аз таҳсил машғул ба кор ҳастанд. Ин дар ҳоле аст ки модаи 79 қонуни кори Ҷумҳурии Исломӣ истихдоми афроди зери ин синро мамнӯъ эълом кардааст.

Дидабони ҳуқуқи башар бо ишора ба таҳримҳои иқтисодӣ ва молии Иттиҳодияи Урупо ва Омрико алайҳи барномаҳоии ҳастаи Эрон ба нақл аз фаъолони коргарӣ менависад, ки ин таҳримҳо боъиси вахомати бештари шароити коргарони Эрон шудааст.

Тайи чанд соли ахир бар мизони таътилии воҳидҳои тавлидӣ ва ихроҷи коргарон афзуда шуда ва бар асоси омори расмӣ ҳудуди панҷоҳ дарсад аз воҳидҳои тавлидӣ хати тавлидро мутаваққиф карда ё дар остонаи таваққуфи хати тавлид ҳастанд ва корхонаҳои бузург низ бо ҳудуди 30 дарсади зарфият фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи раиси Хонаи коргар, ки як ниҳоди давлатӣ аст, байни моҳи майи соли 2011 то моҳи майи 2012 беш аз яксад ҳазор коргари эронӣ бекор шудаанд.

Дидабони ҳуқуқи башар дар ин баёния асомии теъдоде аз фаъолони коргариро, ки дар зиндон ба сар мебаранд, мунташир карда ва ёдовар шудааст, ки бар асоси модаи 22 муъоҳидаи байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ва модаи 8 муъоҳидаи байналмилалии ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ коргарон аз ҳақи ташкил ва узвият дар иттиҳодияҳои коргарӣ бархурдоранд.

Эрон ин ду муъоҳидаро имзо карда, аммо агарчи узви созмони байналмилалии кор аст, то кунун аз имзои кунвенсиюнҳои ин созмон дар мавриди ҳимоят аз ҳақи озодии созмондиҳӣ ва ташкили ниҳодҳои коргарӣ ва таъини ҳаддиақали сини кор худдорӣ варзидааст.

Рӯзи аввали моҳи май рӯзи байналмилалии коргар аст ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маросиме ба ҳамин муносибат баргузор мешавад.

Дар Эрон низ дар солҳои пештар ниҳодҳои коргарии мавриди таъйиди ҳукумат роҳпаймоиҳоро ба ин муносибат баргузор мекарданд, аммо дар солҳои ахир давлат муҷаввизи баргузории чунин иҷтимоъотеро надодааст.

Рӯзи сешанбе, 10 урдибиҳишт (30 апрел), хабаргузории кори Эрон гузориш кард, ки бо вуҷуди ин ки танҳо як рӯз ба рӯзи ҷаҳонии коргар боқӣ монда, Вазорати кишвар ҳанӯз ба дархости судури муҷаввиз барои баргузории роҳпаймоӣ дар ин рӯз посухе надодааст.

Матолиби муртабит