Дафтари Дидабони ҳуқуқи башар дар Маскав ҳадафи ҳамла ва бозрасӣ қарор гирифт

  • 27 Март, 2013
Владимир Путин
Image caption Владимир Путин гуфтааст, ки бояд аз мардум дар баробари иқдомоти ифротӣ ҳимоят кард

Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд маъмурони давлатии Русия ба дафтари ин созмон дар Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда ва онро мавриди бозрасӣ қарор доданд.

Рачел Денбер, сухангӯи ин созмон гуфт намояндагоне аз додситонӣ ва идораи молиёт ба дафтари ин созмони ҳуқуқибашарӣ дар Маскав муроҷаъа ва эълом карданд, ки дар садади бозрасии бидуни эъломи қаблӣ ҳастанд.

Муассисаи Шафофияти Байналмилал низ гуфтааст, ки мақомоти рӯсӣ дафтари ин ниҳодро мавриди бозрасӣ қарор додаанд. Дафотири ду созмони ғайридавлатӣ ва мадании олмонӣ дар Маскав ва Сан Питерзбург ҳам мавриди бозрасӣ қарор гирифтаанд.

Гиду Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон фарди шумораи дуи сафорати Русия дар Олмонро ба вазорати умури хориҷа эҳзор карда ва нисбат ба ин иқдом эътироз кардааст.

Ин ҷадидтарин маворид аз назорати ниҳодҳои давлатии Русия бар созмонҳои ғайридавлатӣ ба хусус созмонҳо ва гурӯҳҳое аст, ки аз хориҷ будҷа мегиранд.

Image caption Тибқи қонуне ки соли пеш ба тасвиб расид гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ ва ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ будҷа дарёфт мекунанд, бояд ба унвони “ниҳодҳои бегона” сабти ном кунанд

Мақомҳои Иттиҳодияи Урупо аз ин масъала ибрози нигаронӣ кардаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки дафотири садҳо гурӯҳ аз ҷумла Афви Байналмилал тайи ҳафтаҳои ахир мавриди бозрасӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи қонуне, ки соли пеш ба тасвиби порлумони Русия расид, ташаккулҳои ҷомеъаи маданӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷ будҷа дарёфт мекунанд, бояд ба унвони “ниҳодҳои бегона” сабт шаванд. Ба гуфтаи мақомоти Русия ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз асаргузории давлатҳои хориҷӣ дар арсаи сиёсии Русия лозим аст.

Ба дунболи тасвиби ин қонун маҷлиси улёи порлумони Русия лоиҳаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муҷозоти нақзи қонуни нозир бар тазоҳурот ҳам ба шиддат афзоиш пайдо мекард.

Бо тасвиби ин лоиҳа созмондиҳандагон ва ширкаткунандагон дар тазоҳурот бо ҷаримаҳои сангине мувоҷеҳ мешаванд.

Мунтақидон бо маҳкум кардани чунин иқдомоте гуфтаанд, ки давлат ва ҳизби ҳоким дар садади аз миён бурдани озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ аст. Дар муқобил Владимир Путин пеш аз тасвиби ин лоиҳа гуфта буд, ки бояд аз мардум дар баробари иқдомоти ифротиюн ҳимоят кард.

Матолиби муртабит