"Толибон ба як чоҳи гоз дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд"

Мақомоти вилояти Ҷузҷон мегӯянд, ки Толибон ба як чоҳи гоз дар наздикии шаҳри Шибирғон маркази ин вилоят ҳамла карданд.
Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ, фармондеҳи пулиси Ҷузҷон ба Бибисӣ гуфт, ки ки соъати даҳу ними шаби гузашта, гурӯҳе аз Толибон ба яке аз чоҳҳои ширкати Гози афғон дар шаҳри Шибирғон ҳамла карданд.
Ба гуфтаи вай даргирии миёни афроди Толибон ва кормандони амниятии ин чоҳ 45 дақиқа идома дошта ва дар натиҷа ду нафари кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба гуфтаи вай яке аз кушташудагон аз ҳамлакунандагон ва дигаре корманди амниятии чоҳи гоз буд.
Ин ҳамла ба чоҳи шумораи дувуми ширкати Афғонгоз, ки понздаҳ килуметр аз шаҳри Шибирғон фосила дорад, сурат гирифтааст.
Ин чоҳи гоз ду соли пеш тавассути муҳандисони афғон ҳафр шуда ва гози истихроҷшуда аз он ба ширкати Брешно дар Мазори Шариф фиристода мешавад.
Акнун дар Шибирғон 36 ҳалқа чоҳи гоз амалан фаъъол аст, ки аз онҳо гоз истихроҷ мешавад.
Мақомоти амниятии Шибирғон мегӯянд, ки Толибон тавоноии ҷанги рӯбарӯро надоранд, ба ин далел ба маҳаллоти ғайринизомӣ ҳамла мекунанд.
Аммо Толибон то кунун дар маврид чизе нагуфтанд ва масъулияти ин рӯйдодро ба уҳда нагирифтаанд.
Пештар аз ин низ ҳамалоте бар коркунони ширкати Гози афғон рух дода буд.
