Толибон чаҳор шаҳрванди Туркияро раҳо карданд

  • 13 Май, 2013

Гурӯҳи Толибон чаҳор нафар аз ҳашт шаҳрванди Туркияро, ки дар вилояти Лугар, дар ҷануби шарқи Афғонистон гаравгон гирифта буд,раҳо кард.

Бист рӯз пеш ба дунболи он ки як ҳавопаймои ғайринизомии борӣ дар вулусволии Арзаи вилояти Лугар дар ҷануби шарқи Афғонистон маҷбур ба нишасти изтирорӣ шуд, ба дасти гурӯҳи Толибон афтод.

Ҳавопаймои бории обиранг ёздаҳ сарнишин, шомили 2 шаҳрванди укройнӣ, 8 шаҳрванди туркӣ ва як мутарҷими афғон дошт, ки дар масири вилояти Хуст-Кобул ба далели харобии вазъи ҳаво дар яке аз нуқоти дуруфтода ва наздики марзи Покистон, Лугар маҷбур ба нишасти изтирорӣ шуд.

Лугар аз вилоятҳои нисбатан ноамн дар ҷануби шарқи пойтахт дар фосилаи 50-килуметрӣ аз маркази Кобул мавқеъият дорад.

Толибон гуфтаанд, ки 4 турки дигарро ҳам раҳо хоҳанд кард, аммо ҳанӯз сарнавишти 2 шаҳрванди кишвари Укройн ва як мутарҷими афғони онҳо рӯшан нест.

Раҷаб Тайиб, Эрдуғон, нахуствазири Туркия, то новақти дирӯз эълом кард, ки шаҳрвандони туркӣ бо кумаки созмони иттилоъоти Туркия аз асорати Толибон берун оварда шудаанд.

Толибон аммо бо пахши хабарномае гуфтаанд, ки шаҳрвандони кишвари Туркияро ба хотири "қадрдонӣ аз мардуми мусалмони Туркия" раҳо кардаанд ва чаҳор гаравгони турки дигарро базудӣ раҳо хоҳанд кард.