Талафоти сангини пулис дар ҳамлаи Толибон дар ҷануби Афғонистон

Гурӯҳи Толибон дар вилояти Фароҳ дар ҷануби ғарби Афғонистон ба корвони нерӯҳои пулиси Афғонистон ҳамла карданд ва понздаҳ пулисро куштанд.
Мақомҳои маҳаллӣ ин рӯйдодро таъйид карда ва гуфтаанд, ки фармондеҳи пулиси шоҳроҳ ва муъовини бахши иттилоъотии фармондеҳии пулиси вилояти Фароҳ ҳам дар миёни кушташудагон ҳастанд.
Абдураҳмон Жуандай, сухангӯи волии Фароҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин рӯйдод асри рӯзи гузашта, чаҳоршанбе, 6 шаҳривар (28 август) дар шоҳроҳи Ҳирот-Қандаҳор, дар марбутоти вилояти Фароҳ рӯй додааст.
Оқои Жуандай гуфт, ки гурӯҳи Толибон замоне ба пулис ҳамла карданд, ки корвоне аз нерӯҳои пулис масруфи гаштзанӣ дар шоҳроҳ ба манзури баррасии посгоҳҳои пулис будаанд.
Даҳ тан маъмури пулис ҳам дар ин рӯйдод захмӣ шудаанд.
Ӯ гуфт, ки пас аз ҳамлаи Толибон ба корвони нерӯҳои пулис ду тараф даргир шуданд, ки теъдоде аз афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон ҳам кушта ва захмӣ шудаанд. Сухангӯи волии Фароҳ дар мавриди омори талафоти мухолифони мусаллаҳ чизе нагуфт.
Гурӯҳи Толибон, ки масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифта, гуфтааст, ки дар ин рӯйдод ду толиб кушта шудаанд.
Фароҳ аз вилоёти нисбатан амн дар ҷануби ғарби Афғонистон аст. Ду рӯз пеш дар як ҳамлаи гурӯҳи Толибон дар минтақаи Фароҳруди ин вилоят шаш ронандаи тонкарҳои сӯхти НОТУ кушта ва даҳ ронандаи дигар захмӣ шуданд.
Дар ин рӯйдод чиҳил тонкари сӯхт ҳам оташ гирифт. Масъулияти ин рӯйдодро гурӯҳи Толибон ба уҳда гирифтааст.
Эътисоби ширкатҳои мусофирбарӣ
Бузургроҳи ҷануби Афғонистон дар як моҳи гузашта ба шиддат ноамн шудааст ва ин масъала сабаб шуда, ки ширкатҳо ва иттиҳодияҳои мусофирбарӣ ба далели афзоиши ноамниҳо дар ин масир ба расми эътироз фаъъолиятҳои худро мутавққиф кунанд.
Аҳмаддулоҳ, муъовини иттиҳодияи мусофирбарӣ, ки беш аз 40 ширкати нақлиётӣ узви он ҳастанд, дар суҳбате бо Би-би-сӣ гуфт, ки илова бар фаъъолиятҳои мухолифони мусаллаҳ дуздон ҳам рафтуомади онҳоро дар масири роҳи Кобул Қандаҳор бо мушкил рӯбарӯ кардаанд.
Оқои Аҳмадуллоҳ гуфт, ки аз субҳи аввали рӯзи панҷшанбе ба расми эътироз эътисоб кардаанд ва то замоне ки амният дар бузургроҳ таъмин нашавад, ҳозир нестанд, ки фаъъолияти худро аз сар бигиранд.
Масъалаи боз гардондани амният дар бузургроҳ дар ҷаласаҳои волиҳои вилоёти ҳавзаи ҷануб ва пештар дар Шурои амнияти миллии Афғонистон ба баҳс гирифта шуда ва интизор меравад, ки ҳукумат барои рафъи нигарониҳои амниятӣ дар ин шоҳроҳ даст ба кор шавад.
