Даҳ кушта дар хушунатҳои тоза дар вилоёти Ҳилманд ва Фароҳи Афғонистон

  • 28 Август, 2013

Мақомоти маҳаллии вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон мегӯянд, ки зуҳри имрӯз дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Лашкаргоҳ чаҳор ғайринизомӣ кушта ва чаҳордаҳ нафар захмӣ шуданд.

Ҳадафи ҳамлакунандаи интиҳорӣ корвони худравҳои нерӯҳои НОТУ будааст.

Умар Завок, сухангӯи волии Ҳилманд мегӯяд, ки дар ин рӯйдод ба шумули як зан ва як кӯдак чаҳор ғайринизомӣ кушта ва чазордаҳ нафар захмӣ шудаанд.

Ӯ мегӯяд, ки ин рӯйдод зуҳри имрӯз ҳаволии соъати 12 рӯз замоне рух дода, ки интиҳоркунанда худрави бумбгузоришудаи ҳомили худро дар масири корвони худравҳои НОТУ мунфаҷир сохтааст.

Ба гуфтаи ӯ ин ҳамла дар маркази шаҳри Лашкаргоҳ рух додааст. Нерӯҳои хориҷӣ дар мавриди талафоташон дар ин рӯйдод то кунан маълумоте надодаанд, аммо шоҳидон мегӯянд, ки худравҳои нерӯҳои хориҷӣ дар ин рӯйдод тахриб шудаанд.

Сухангӯи волии Ҳилманд мегӯяд, ки дар ин рӯйдод ба хонаҳои воқеъ дар маҳалли рӯйдод низ зиён расидааст.

То кунун масъулияти ин рӯйдодро касе бар уҳда нагирифтааст.

Оташсӯзӣ дар Фароҳ

Ба асоси як хабари дигар Толибон шаби гузашта ба корвони тонкарҳои икмолотии нерӯҳои хориҷӣ дар масири Ҳирот то Қандаҳор ҳамла карданд.

Ин рӯйдод дар ноҳияи Болобулуки шаҳри Фароҳ дар ғарби Афғонистон рух додааст.

Адбулраҳмон Жуандӣ, сухангӯи волии Фароҳ мегӯяд, ки Толибон ба суи ин корвон мушак шиллик карданд ва исобати мушак ба ин тонкерҳо сабаби оташсӯзии бузурге шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯйдод шаш нафар кушта ва даҳ нафари дигар захмӣ шуданд ва қурбониёни ин ҳодиса ҳама ронандагони тонкерҳо буданд.

Оқои Жуандӣ гуфт, ки чиҳил тонкар дар ин ҳодиса оташ гирифтааст.

Масъулияти ин рӯйдодро Толибон бар уҳда гирифтааст.