Ҳамла ба Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

  • 25 Июн, 2013
Кох
Image caption Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кобул мавриди ҳамла қарор гирифтааст

Мардони мусаллаҳ ба Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул ҳамла карданд.

Мақомҳои амниятии афғон мегӯянд, ки ҳама муҳоҷимон кушта шуданд ва ин воқеъа хотима ёфтааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, муҳоҷимон бо нигаҳбонҳои Кох ва нерӯҳои омрикоии вобаста ба созмони CIА (Идораи Марказии Иктишофи Омрико), ки дар он наздикӣ мустақар ҳастанд, даргир шудаанд.

Садои тирандозӣ ва чанд инфиҷор аз беруни дарвозаи шарқии Кох шунида шуд.

Ин ҳамла бомдоди сешанбе (25 июн) ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Толибон мегӯяд, ки ҳамалотро ҳудуди соъати 6.30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ оғоз кардаанд.

Толибон мегӯяд, ки ба ғайр аз Кохи раёсати ҷумҳурӣ сохтмони Вазорати дифоъ ва ҳутели “Ориёно”-ро, ки дафтари созмони CIА дар он воқеъ аст, ҳадаф қарор додааст.

Ҳанӯз аз талафоти эҳтимолӣ гузориш мунташир нашудааст.

Ҳорун Наҷафизода, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Кобул, мегӯяд, ки дастикам садои 10 инфиҷорро шунидааст.

Ба гуфтаи оқои Наҷафизода, шуморе аз хабарнигорон дар беруни сафорати Омрико ва Кохи раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ шуда буданд, то дар ду кунфронси хабарии Ҳомид Карзай ва Ҷемз Добинз, намояндаи вижаи Омрико дар умури Афғонистон ва Покистон ширкат кунанд.

Ҷемз Добинз аз Қатар ба Кобул сафар карда ва қарор аст дар бораи музокироти сулҳ бо Ҳомид Карзай гуфтугӯ кунад.

Оқои Добинз пас аз гушоиши дафтари Гурӯҳи Толибон ба Дуҳа, пойтахти Қатар, сафар кард ва қарор буд бо намояндагони ин гурӯҳ дидор кунад, аммо ҷанҷол бар сари чигунагии гушоиши дафтари Толибон монеъи ин дидор шуд.

Дар пайи ҳамлаи бомдоди сешанбе ҳар ду кунфронси хабарӣ ба таъвиқ афтодааст.

Матолиби муртабит