Давлати Бритониё ба афғони "худонобовар" паноҳандагӣ дод
Image copyrightPAДавлати Бритониё ба як марди афғон ба далели таҳдиди эҳтимолии ношӣ аз инкори вуҷуди худо паноҳандагӣ додааст.
Вазорати кишвари Бритониё эълом кардааст дархости паноҳандагии як шаҳрванди бисту сесолаи афғонро, ки номи ӯ фош нашуда, пазируфтааст, зеро ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки ин фард дар сурати бозгардондани иҷборӣ ба кишвараш, ба хотири адами эътиқоди динӣ мавриди азият ва озор қарор гирад.
Ин нахустин бор дар Бритониё аст, ки бо дархости паноҳандагии як фард бар асоси хатароти ношӣ аз инкори вуҷуди худо мувофиқат мешавад ва тасмими вазорати кишвар дар ин замина метавонад мабнои ҷадидеро барои расидагӣ ба дархостҳои паноҳҷӯён эҷод кунад.
Тасмими вазорати кишвар барои қабули дархости паноҳандагии ин шаҳрванди Афғонистон қабл аз ирсоли парванда ба маҳкамаи расидагӣ ба тақозои паноҳандагӣ иттихоз ва эълом шудааст.
Ин фард, ки дар хонаводае мусалмон мутаваллид шуда, ба далели даргирии низомӣ дар кишвараш дар соли 2008 ва дар синни шонздаҳсолагӣ ба Бритониё омад ва дар он замон ба ӯ иҷозаи иқомати муваққат то соли 2013 дода шуд.
Дар тули ин муддат ӯ ба тадриҷ аз дини худ канора гирифт ва ба машраби худонобоварӣ эътиқод ёфт. Аз назари бархе фуқаҳои мусалмон бозгашт аз дин таҳти унвони иртидод, ҷурм маҳсуб мешавад ва муҷозоте сангин, то ҳадди куштани фарди муртадро ба ҳамроҳ дорад.
Ин паноҳҷӯи афғон бо бархурдорӣ аз ҳимояти як муассисаи ҳуқуқии вобаста ба донишгоҳи Кент, ки хадамоти қазоиро ба таври ройгон дар ихтиёри донишҷӯён қарор медиҳад, тақозои худро ба вазорати кишвар таслим кард.
Асли озодии эътиқод барои ҳама
Дар ин тақозо бо истинод ба кунвенсиюни Созмони Милал роҷеъ ба ҳуқуқи оворагон ва паноҳандагон, мусавваби соли 1951 истидлол шуда буд, ки мутақозӣ дар сурати бозгашт ба Афғонистон, ба "далели эътиқоди мазҳабӣ" ки дар ин мавриди хосс, фуқдони чунин эътиқоде аст, дар маърази хатар қарор мегирад. Кунвенсиюни паноҳандагони Созмони Милал озори мазҳабиро ба унвони яке аз мавориди эътои паноҳандагӣ мавриди қабул қарор додааст.
Вукалои ин шаҳрванди Афғонистон гуфта буданд, ки дар Афғонистон бар асоси қавонини шариъати ислом фарди муртад бо хатари марг мувоҷеҳ аст, магар ин ки назари худро китмон кунад, ки чунин иқдоме низ муяссар нест, зеро дар он кишвар одоб ва русуми мазҳабӣ ба тамомии ҷанбаҳои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ нуфуз кардааст.
Тасмими вазорати кишвар дар пазириши ин дархост бар мабнои ҳукми додгоҳи олии Бритониё дар соли 2010 иттихоз шуда, ки раъй дод бозгардондани ду марди ҳамҷинсгарои аҳли Эрон ва Комерун ба кишварашон бо илзоми ин ки гароиши ҷинсии худро махфӣ нигаҳ доранд, бархурде "маъқул" нест. Бар ин асос вазорати кишвар ҳам ташхис дод, ки наметавон як фарди бединро мулзам кард адами эътиқоди худ ба худоро махфӣ нигаҳ дорад.
Як донишҷӯи ҳуқуқи Донишгоҳи Кент, ки бо назорати намояндаи ҳуқуқии ин шаҳрванди афғон, вазифаи танзим ва пайгирии парвандаи ӯро бар уҳда дошт, гуфтааст, ки тасмими вазорати кишвар "иқдоме муҳим дар шиносоии ин мавзуъ аст, ки тасмим ба надоштани дин аз назари фалсафӣ ва назарӣ ба манзалаи иттихози мавзеъе ҷиддӣ ва мубтанӣ бар тафаккур аст ва бояд онро ба унвони ҷанбае муҳим аз озодии андеша, муҳтарам шумурд."
Анҷумани бритониёии дифоъ аз ҳуқуқи башар низ гуфтааст, ки худонобоварон, инсонгароён ва сойири афроде, ки ба дин эътиқод надоранд, бояд ба ҳамон андозаи муътақидон ба адёни мухталиф аз ҳақи озодии андеша бархурдор бошанд, дар ҳоле ки дар бисёре маворид давлатҳои ғарбӣ дифоъ аз озодии ақидаро сирфан дар чорчӯби маҳдуди салби ҳуқуқ ва озори масеҳиён дар кишварҳои мутаъассиби ғайримасеҳӣ таъриф мекунанд.
Мудири иҷроии ин анҷуман аз иқдоми вазорати кишвари Бритониё дар шиносоии ҳақи озодии андеша барои худонобоварон истиқбол карда ва гуфтааст, ки "тайи ду соли ахир давлат ба дифоъ аз ҳуқуқи афроди ғайримазҳабӣ дар ҷавомеъи дигар бархеста ва тасмими вазорати кишвар дар эътои ҳимоят ба паноҳҷӯёни худонобовар дар дохили марзҳои Бритониё мояи сарбаландии ин кишвар аст."
Сухангӯи вазорати кишвари Бритониё низ гуфтааст: "Бритониё дорои собиқае ифтихорофарин дар мавриди эътои паноҳандагӣ ба касоне аст, ки ба чунин ҳимояте ниёз доштаанд ва албатта ҳар тақозое ҳам бар асоси шароити хосси он мавриди баррасӣ қарор мегирад."
