Афғонистон: тазмини амнияти духтаре, ки худро мунфаҷир накард
Мақомоти Афғонистон гуфтаанд амнияти духтареро, ки аз инфиҷори идораи пулис худдорӣ кард, тазмин мекунанд.
Ин духтар, ки бо камарбанди ҳовии маводди мунфаҷира ба идораи пулис наздик шуда буд, аз Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, дархости тазмини амнияташро кардааст.
Пулиси Афғонистон ба нақл аз ин духтари ноболиғ гуфтааст, ки дар миёнаш бародари бузургаш камарбандеро бо маводди мунфаҷира баста ва ӯро ба сӯи идораи пулис дар Ҳилманд равона кардааст.
Аммо ин духтар ба назди идораи пулис расида, худро ба пулис супурд ва гуфт, ки бародараш барои инфиҷор ӯро омода кардааст.
Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки ҳоло дар суроғи хонаводае ҳастанд, ки ин духтар битавонад дар он зиндагии ором ва бидуни тарс дошта бошад.
