Ҳамлаи интиҳорӣ дар шимоли Кобул
Image copyrightAPҲашмат Истонакзай, сухангӯйи фармондеҳии пулиси Кобул, таъйид кард, ки ҳаволии соъати 9 ба вақти маҳаллӣ як муҳоҷими интиҳорӣ бумби ҳамроҳи худро дар шимоли шаҳри Кобул мунфаҷир кард.
Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар муқобили конуни Носири Хисрав ва як бемористони хусусӣ рух додааст.
Оқои Истонакзай таъкид кард, ки фарди интиҳорӣ пиёда буда ва инфиҷори ҷалиқаи интиҳории ӯ фақат мунҷар ба марги худи интиҳоркунанда шудааст.
Садиқ Садиқӣ, сухангӯйи вазорати дохилаи Афғонистон, низ дар саҳфаи расмии Фейсбуки худ навишт, ки ин ҳодиса дар минтақаи чаҳорроҳии Сарсабзӣ ҳавзаи 4-и пулиси Кобул рух дода, ки интиҳоркунанда кушта ва як ғайринизомӣ низ захмӣ шудааст.
Баъзе расонаҳои Кобул ба нақл аз мақомҳои маҳаллӣ навишта буданд, ки як нафар дар ин ҳодиса кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд. Вале пулиси Кобул ҳанӯз ин хабарро таъйид накардааст.
Чанд рӯз пеш ҳам як муҳоҷими интиҳорӣ ба корвони нерӯҳои байналмилалӣ дар шарқи Кобул ҳамла кард.
Ҳизби исломӣ, аз гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи давлат ба раҳбарии Гулбиддини Ҳикматёр, ба расонаҳо гуфта буд, ки ҳамлаи интиҳорӣ кори афроди ин ҳизб будааст.
