Ҳамлаи муҳоҷимони интиҳорӣ ба як маркази пулис дар шарқи Афғонистон

  • 20 Март, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон, ки баъд аз чанд гоҳе шоҳиди ҳамлаи интиҳорӣ будааст

Вазорати дохилаи Афғонистон эълом карда, ки ҳудуди шаш ҳамлакунандаи интиҳорӣ ба як маркази пулис дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон ҳамла кардаанд.

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, ин ҳавзаи пулис дар наздикии дафтари волии ин вилоят қарор дорад ва сохтмони родию ва телевизиюн низ дар ин маҳал аст.

Садиқ, Садиқӣ, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Афғонистон, дар сафҳаи расмии Фейсбук ва Твитери худ навишт, ки то кунун 5 нафар аз ҳамлакунандагон кушта ва интизор меравад, ки як ё ду нафар ҳамлакунандаи дигар низ дар маҳал боқӣ монда бошад ва амалиёти пулис дар ин сохтмон идома дорад.

Ӯ афзуда, ки ду нафар аз сарбозони пулис низ кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ки оршиви родию ва телевизиюни миллии Афғонистон дар ин вилоят низ оташ гирифтааст.

Мақомоти бемористонӣ дар ин вилоят низ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ҳудуди 20 нафар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд, вале ҳувияти ононро эълом накардааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ҳаволии соъати 5-и субҳ ба вақти маҳаллӣ як худрави бумбгузоришуда худро дар вурудии ин маркази пулис мунфаҷир ва баъд афроди муҳоҷими мусаллаҳ вориди сохтмон шуданд ва ба даргирӣ бо нерӯҳои пулис пардохтанд.

Даргирӣ акнун низ миёни нерӯҳои пулис ва муҳоҷимон идома дорад ва хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки садои инфиҷори дигаре ҳам акнун дар маҳал шунида шуд,

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон низ бо ирсоли хабарномае ба Би-би-сӣ масъулияти ин ҳамларо пазируфта ва навишта, ки афроди онон як худрави навъи Маздоро субҳи имрӯз дар муқобили ҳавзаи аввали амниятии ин шаҳр мунфаҷир кардааст.

Ӯ афзуда, ки баъд аз ин инфиҷор ҳамлакунандагони мусаллаҳ вориди сохтмон шуда ва маркази иқомати волӣ ва соири таъсисоти давлатиро дар атрофи ин мақарри пулис ҳадаф қарор дода ва акнун низ даргирӣ дар маҳал идома дорад.

Матолиби муртабит