Ҳамла ба дафтари Кумисиюни мустақилли интихобот дар Кобул

  • 29 Март, 2014
Ҳамла ба дафтари Кумисиюни мустақилли интихобот дар КобулImage copyrightSultan Faizy
Image caption Дафтари Кумисиюни интихоботи Афғонистон дар наздикии ҷоддаи Кобул-Ҷалолобод воқеъ аст

Гузоришҳо аз Кобул ҳокист, ки чанд муҳоҷим дар наздикии дафтари Кумисиюни мустақилли интихобот вориди як сохтмон шуда ва ба тирандозӣ иқдом кардаанд.

Нурмуҳаммади Нур, сухангӯйи Кумисиюни мустақилли интихобот, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дафтари ин кумисиюн аз беруни муҳавватааш ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва садои шиллики гулӯла ҳанӯз дар атрофи сохтмони кумисиюн шунида мешавад.

Ӯ гуфт: "Ба кормандони мо дар ин ҳамла садамае нарасидааст. Мо пешбини чунин вазъияте будем ва аз се моҳ пеш тадобири шадиди амниятӣ барои муҳофизат аз кумисиюнро иттихоз карда будем."

Оқои Нур афзуд, ки аксари маводди ҳассоси Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон се ҳафта пеш ба маконҳои амн дар вилоёт мунтақил шудааст ва кумисиюн аз ноҳияи аз байн рафтани маводди интихоботӣ нигаронӣ надорад.

Як манбаъи дигар аз кумисиюн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ибтидо як ҳамлакунандаи интиҳорӣ маводди мунфаҷираи худро дар баробари як сохтмони чаҳортабақа, ки ҳудуди 300 метр бо кумисиюни интихобот фосила дорад, мунфаҷир сохт ва бақияи муҳоҷимон ба ин сохтмон дохил шуданд ва аз онҷо сохтмони кумисиюнро бо мушак ҳадаф қарор доданд.

Садиқ Садиқӣ, сухангӯйи Вазорати дохилаи Афғонистон, низ гуфта, ки даргирӣ дар маҳал ҳанӯз ҷараён дорад ва муҳоҷимон, ки теъдоди онҳо чаҳор нафар аст, дар он ҷо аз сӯйи нерӯҳои амниятии Афғонистон муҳосира шудаанд.

Ӯ таъйид карда, ки муҳоҷимон бо силоҳи сангин мусаллаҳ ҳастанд ва сохтмоне, ки онҳо дар он мавзеъ гирифтаанд, ғайримаскунӣ ва холӣ аст.

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтаанд. Онҳо гуфтаанд, ки интихоботи Афғонистонро мухтал хоҳанд кард.

Кумисиюни мустақилли интихобот ниҳоди аслии баргузоркунандаи интихобот дар Афғонистон аст.

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон дар наздикии ҷоддаи Кобул-Ҷалолобод қарор дорад ва ин ҷодда борҳо ҳадафи ҳамалоти интиҳорӣ ва гурӯҳии шӯришиён қарор гирифтааст.

Ин ҳамла дар рӯзе сурат мегирад, ки қарор буд Кумисиюни мустақилли интихобот ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон арзёбии ниҳоии худро аз вазъияти амниятӣ барои интихоботи рӯзи шанбеи оянда эълом кунанд.

То интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон шаш рӯз монда ва Толибон дар рӯзҳои ахир ҳамалоти худро бар Кобул ташдид кардаанд.

Дирӯз онҳо ба дафтари як созмони ғайридавлатӣ дар Кобул ҳамла карданд ва чаҳор рӯз пеш низ як дафтари соҳавии кумисиюни интихоботро дар ин шаҳр ҳадафи ҳамлаи худ қарор доданд.

Матолиби муртабит