Севумин инфиҷори ҳафтаи ҷорӣ шаҳри Ҷалолободро такон дод

Аҳмадризо Абдулзай, сухангӯйи волии Нангарҳор гуфта, ки дар инфиҷоре дар маркази шаҳри Ҷалолобод дастикам як ғайринизомӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.
Оқои Абдулзай гуфт, ки яке аз захмиён маъмури пулис, ду тани дигар ғайринизомӣ ҳастанд.
Ӯ афзуд, ки ин инфиҷор дар чаҳорроҳии марказии шаҳри Ҷалолобод, ки аз маҳаллоти пуррафту омади ин шаҳр аст, рӯй додааст.
Сухангӯйи волии Нангарҳор гуфт, ки маводди мунфаҷира дар як худрави пулис кор гузошта шуда будааст.
Бо ин ҳол, ҳанӯз рӯшан нашуда, ки ин инфиҷор дар асари бумбгузории интиҳорӣ буда ё бумби кунтрулшаванда аз роҳи дур дар ин худрав кор гузошта шуда будааст.
Ҳанӯз масъулияти ин инфиҷорро ҳеҷ фард ё гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.
Ин севумин рӯйдоди теруристӣ дар шаҳри Ҷалолобод аст, ки дар ҳафтаи ҷорӣ иттифоқ афтодааст.
Рӯзи якшанбеи 4 август инфиҷор дар майдоне дар шарқи шаҳри Ҷалолобод Абдулқаюм додситони вилояти Нангарҳорро ҳадаф қарор дод, ки ӯ ва 15 тани дигарро захмӣ кард.
Пештар аз он дар рӯзи шанбеи 3 август бумбгузоре интиҳорӣ дар наздики кунсулгарии Ҳинд дар ин шаҳр 9 кушта ва 21 захмӣ ба ҷо гузошт, ки бештари қурбониён кӯдаконе буданд, ки масҷиде машғули омӯзиши Қуръон буданд.
Гуфта мешавад, ки ба дунболи ин рӯйдод мардуми Ҷалолобод бо сангборон ва оташ задани аҷсоди се бумбгузори интиҳории омили ин рӯйдод хашми худро нисбат ба ин ҳамла нишон доданд.
Ҳарчанд мақомҳои вилояти Нангарҳор то ҳол ин хабарро таъйид накардаанд, аммо аксҳое ки гуфта мешавад марбут ба саҳнаи оташ задани ин аҷсод аст, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ даст ба даст мешавад.
Даҳҳо тан аз фаъъолони маданӣ дар шаҳри Кобул, пойтахт, гирди ҳам омаданд, то хушунатҳои ахир дар вилояти Нангарҳорро маҳкум кунанд ва хостори поёни ин хушунатҳо шаванд.
