Раиси шӯрои вилоятии Бағлон дар инфиҷори интиҳорӣ кушта шуд

Маҳмуди Ҳақмал, сухангӯйи волии Бағлон таъйид кард, ки Муҳаммадрасули Муҳсинӣ, раиси шӯрои вилоятиии Бағлон дар инфиҷори интиҳорӣ кушта шудааст.
Оқои Ҳақмал ба Би-би-сӣ гуфт: "Як ҳамлакунандаи интиҳории маводди мунфаҷираи ҳамроҳи худро дар муқобили дафтари шӯрои вилоятии Бағлон мунфаҷир кард, ки башумули Муҳаммадрасул Муҳсинӣ, раиси шӯрои вилоятии Бағлон 12 тан аз ҳамватанони мо шаҳид шуданд ва 9 нафар ҳам захмӣ дорем."
Сухангӯйи волии Бағлон афзуд, ки шаш тан аз кушташудагони маъмурони амниятӣ ва бақия ғайринизомӣ буданд.
Толибон дар чанд соли ахир шуморе аз фармондеҳони номдори эътилофи шимолро терур карданд.
Пештар Асадуллоҳ Шерзод, фармондеҳи пулиси Бағлон, гуфта буд, ки ин инфиҷор дар шаҳри Пулихумрӣ, маркази Бағлон замоне рӯй дод, ки оқои Муҳсинӣ бо ҳамроҳони худ қасд дошт вориди дафтараш шаванд.
Оқои Шерзод дар бораи талафоти ин инфиҷор омори бузургтаре нисбат ба омори сухангӯйи волӣ ироа кард. Ба гуфтаи ӯ 15 тан кушта ва 13 нафари дигар дар ин рӯйдод захмӣ шуданд.
Фарде, ки шоҳиди ин рӯйдод буд, ба Би-би-сӣ гуфт бештари қурбониён ғайринизомиёне ҳастанд, ки қасд доштанд ба шӯрои вилоятӣ муроҷиъа кунанд.
Шӯрои вилоятӣ дар як маҳалли пуррафту омад ва дар наздики хонаҳои маскунӣ мавқеъият дорад.
Ин шоҳид гуфт, ки ин инфиҷоре нерӯманд буд ва ба дунболи он садои муҳибе шунида шуд ва миёдори зиёде хоку дуд ба ҳаво баланд шуд. Ӯ афзуд, ки дар ин инфиҷор ронандаи ӯ ҳам захмӣ шуд. Гурӯҳи Толибон масъулияти бумбгузориро ба уҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ дар бархе аз манотиқи виялояти Бағлон нуфуз дорад.
Бағлон яке аз вилоятҳои нисбатан ором дар шимоли Афғонистон шумурда мешавад.
Ин вилоят ба далели доштани чанд корхонаи тавлидӣ ва киштзорҳои васеъ аҳаммияти иқтисодӣ дорад.
