Инфиҷор дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон 16 нафарро захмӣ кард

  • 4 Август, 2013
инфиҷор дар Ҷалолобод
Image caption Дар инфиҷори дирӯз дар Ҷалолобод дастикам 9 ғайринизомӣ кушта ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд

Мақомоти вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон гуфтаанд, ки раиси додситонии ин вилоят ва понздаҳ нафари дигар дар инфиҷоре захмӣ шудаанд.

Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор гуфта, ки ҳамла ба худрави ҳомили Абдуқайюм соъати ҳашти бомдоди имрӯз дар як чаҳорроҳӣ да шарқи шаҳри Ҷалолобод маркази ин вилоят рӯй дод.

Сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки дар ин рӯйдод бумбе, ки аз дур кунтрул мешуд, замоне мунфаҷир шуд, ки раиси додситонии Нангарҳор ба суи маҳалли кори худ мерафт.

Ду кӯдак ва ду зан дар миёни захмиёни ин инфиҷор ҳастанд. Ронанда ва ду муҳофизи раиси додситонии Нангарҳор ҳам захмӣ шудаанд.

Масъулони бемористони Ҷалолобод гуфтаанд, ки ҳоли чаҳор тан аз захмиён ва аз ҷумла Абдуқайюм вахим аст.

Ҳунӯз масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ фард ё гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст.

Ин ҳамла як рӯз пас аз ҳамлаи интиҳорӣ дар масҷиде рӯбарӯйи кунсулгарии Ҳинд дар Ҷалолобод рӯй додааст.

Дар инфиҷори дирӯз дасткам 9 ғайринизомӣ кушта ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд, ки бар асоси эъломияи дафтари Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ бештари қурбониёни ин инфиҷор кӯдаконе буданд, ки дар ин масҷид машғули омӯзиши Қуръон буданд.

Оқои Карзай зимн маҳкум кардани инфиҷори дирӯз онро "ваҳшиёна" хонда ва ба "душманони сулҳ ва оромиши Афғонистон" нисбат додааст.

Вазорати дохила гуфта, ки ин инфиҷор "тавтаъаи" гурӯҳи Толибон ба ҳамкории "ҳомии минтақаии" ин гурӯҳ будааст.

Гурӯҳи Толибон масъулияти инфиҷори муқобили кунсулгарии Ҳиндро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар гузашта сафорати Ҳинд дар Кобул ва як меҳмонсарои мавриди истифодаи пизишкони ҳиндӣ дар пойтахти Афғонистон ҳадафи ҳамалоти маргбори интиҳорӣ қарор гирифт.

Матолиби муртабит