Инфиҷор дар Қандаҳор ҷони чаҳор ғайринизомиро гирифт

  • 5 Август, 2013
Image caption Шаби гузашта ҳам дар инфиҷори бумби канориҷодаӣ дар Қандаҳор ду ғайринизомӣ кушта шуданд

Дар инфиҷоре дар маркази шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, дастикам чаҳор ғайринизомӣ кушта шуда ва бисту ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Пулиси вилояти Қандаҳор гуфтааст, ки инфиҷор субҳи имрӯз (5 август) дар минтақаи "Пули боғ" дар маркази шаҳри Қандаҳор дар "Душанбебозор" рух додааст.

Ғурзанг Афридӣ, сухангӯйи фармондеҳии пулиси Қандаҳор, ба Би-би-сӣ гуфт, ки бумб дар як гории (аробаи) дастӣ коргузорӣ шуда буд ва дар васати бозори молдорӣ мунфаҷир шуд.

Оқои Афридӣ афзуд фарде, ки гории бумбгузоришударо интиқол медод, ҳам дар ин инфиҷор кушта шудааст. Ӯ дар мавриди ин ки оё ин фард омили бумбгузорӣ будааст, чизе нагуфт.

Дафтари волии Қандаҳор ҳам гуфтааст, ки қурбониёни ин рӯйдод ҳама ғайринизомиён будаанд.

Шаби гузашта ҳам дар вилояти Қандаҳор ду ғайринизомӣ дар инфиҷори бумби канориҷодаӣ кушта шуданд.

То кунун масъулияти ин ду рӯйдодро фард ё гурӯҳе ба уҳда нагирифтааст, аммо мақомҳои давлатӣ маъмулан мухолифони мусаллаҳи давлатро масъули бумбгузориҳо донистаанд.

Ин ду рӯйдод як ҳафта пас аз интишори гузориши шашмоҳаи Созмони Милали Муттаҳид, ки баёнгари афзоиши 33-дарсадии талафоти ғайринизомиён аст, рух дода.

Ахиран Дафтари Ҳайъати Муъовинати Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул (ЮНМО) гузориш кард, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷории мелодӣ 1319 ғайринизомӣ кушта шуда ва 2533 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дафтари Ҳайъати Муъовинати Созмони Милали Муттаҳид шӯришиёнро "омили аслии" куштори ғайринизомиён муъаррифӣ карда ва гуфтааст, ки мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар ин муддат 1038 ғайринизомиро куштаанд.

Матолиби муртабит