Навоҳии марзии Афғонистон ва ҷодаҳои кӯҳистонии он аз нигоҳи дурбин
Навоҳии марзии Афғонистон ва ҷодаҳои кӯҳистонии он аз нигоҳи дурбин

Қарор аст дар тобистони соли ҷорӣ пули шашум бар фарози рӯдхонаи Панҷ дар ноҳияи марзии Шӯрообод мавриди истифодабарӣ қарор гирад.

Бахши аъзами марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро минтақаи душворгузари кӯҳистонӣ ташкил медиҳад.

Ҳарчанд масъулони марзбонии тоҷику афғон аз тақвияти ҳамкориҳои муштарак барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир сӯҳбатҳо мекунанд, вале гуфта мешавад, ки то ҳол аз қочоқи ин маводд дар марз ҷилавгирии назаррасе нашудааст.

Сокинони ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд. ки дар чанд соли ахир нооромиҳо дар он сӯйи рӯдхонаи Панҷро мушоҳида накардаанд.

Бархе аз рустоҳо дар он сӯйи рӯдхона ба назар аз мардум холӣ менамоянд

Қисматҳое аз ҷодаҳои он сӯйи рӯдхонаи Ому хеле хатарзо ба назар мерасанд.

Дар чанд соли ахир ба бархе аз рустоҳо дар Бадахшони Афғонистон аз Тоҷикистон нерӯи барқ интиқол меёбад.

Коршиносон мегӯянд, ки беҳбудии зиндагии сокинони Бадахшони Афғонистон ба бунёди роҳҳои утумубилгард дар ин минтақа бастагӣ доштааст

Вазъи ҷодаҳои мавҷуд дар қаламрави Бадахшони Афғонистонро метавон бо таваҷҷӯҳ ба истифода аз васоили мусофирбарӣ барои интиқоли коло дар ин роҳҳо арзёбӣ кард.

Дар авосисти моҳи июн хутути ҷадиди интиқоли нерӯи барқ аз Бадахшони Тоҷикистон ба ноҳияи Шуғнони Бадахшони Афғонистон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамакнун ширкати "ПомирЭнержӣ" се рустои дигар дар минтақаи кӯҳистонии Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.

Дар бархе аз рустоҳо дар Бадахшони Афғонистон макотиби ҳамагонӣ вуҷуд надоранд ва кӯдакон водор мешаванд, ки барои таҳсил ба мактабҳои рустоҳои ҳамсоя раванд.

Зиндагии иҷтимоъии аксари сокинон дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамроҳ бо мушкилоти иқтисодӣ аст

Васоили аслии борбарӣ дар роҳҳои минтақаи Бадахшони Афғонистон асп ва хар ҳаст ва мардуми он сӯйи рудхона бештар барои интиқоли бор ва маводди зарурӣ аз ин васила истифода мекунанд.

Зиндагии мушкил дар кӯҳистон боъиси он мешавад, ки аксари ҷавононе, ки барои таҳсил ба шаҳрҳои бузург меоянд, дубора ба кӯҳистон барнамегарданд.

Бадахшон аз ҷумлаи минтақаи камзамин дар ду ҷониби соҳили рӯдхонаи Омӯ буд ва кишоварзон қитъаҳои кучаки заминро аз сангҳо пок карда ва ба мазореъи кишти гандум табдил медиҳанд.

Дидани бушқобҳои моҳвораӣ дар даҳаи ахир дар бомҳои бархе аз манозили маскунӣ дар рустоҳҳои назди марзии Афғонистон амри маъмулӣ шудааст.

Интиқоли коло ва маводди зарурӣ ба Бадахшони Афғонистон, бавижа дар фасли зимистон аз қаламрави Бадахшони Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар вулусволии Дарвози Бадахшони Афғонистон беш аз 32 ҳазор сокин ба сар мебаранд.

Ин пули иртибототӣ ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бо ноҳияи ҳамном дар қаламрави Афғонистон муттасил мекунад.

Ҳарчанд дар тӯли беш аз панҷ соли ахир дар навоҳии назди марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар қаламрави Бадахшони Афғонистон роҳҳои утумубилӣ дар ҳоли буёнд шудан будаанд, вале дар қисмати бештари ин роҳҳо танҳо имкони ҳаракати худравҳои кучак ва дучархаҳо вуҷуд доштааст.

Дар пайи бунёди чаҳор пули иртибототӣ бар фарози рӯдхонаи Панҷ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар вилояти Бадахшон, бозорҳои муштараки марзӣ дар ду сӯйи рӯдхонаи Панҷ таъсис ёфт ва доду ситади коло миёни сокинони ин манотиқ то андозае ба зиндагии сокинони рустоҳои марзии дуруфтода дар Афғонистон таъсири мусбӣ расондааст.








