Кунсули Афғонистон аз Қумсангир ба бемористоне дар Душанбе мунтақил шуд

  • 26 Октябр, 2013

Масъули бахши кунсулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки пас аз осебдидагӣ дар як сонеҳа дар бемористоне дар ноҳияи Қумсангир бистарӣ буд, шаби гузашта ба Душанбе мунтақил шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталиро шаби гузашта, 25 октябр, пизишкон ба василаи омбулонси вижае аз Қумсангир ба Душанбе интиқол додаанд.

Пизишкон мегӯянд, ки вазъи оқои Яфталӣ нисбат ба рӯзҳои аввали бистарӣ буданаш беҳтар шуда ва ӯ ҳоло дар дармонгоҳи бемориҳои гуворишӣ ё гастроэнтерологии шаҳри Душанбе муъолиҷа мешавад.

Оқои Яфталӣ рӯзи 17 октябр дар роҳи сафар ба Афғонистон дар ноҳияи марзии Қумсангир дучори сонеҳа шуд ва аз ноҳияи ҷигару талхадон ва шикам шадидан осеб дид. Вай ба қасди ширкат дар маросими ҷанозаи модараш ба шаҳри Файзобод, дар шимоли Афғонистон, сафар доштааст.