Раиси ҷумҳурии Афғонистон озими Срилонко шуд

  • 5 Март, 2014
Image caption Қарор аст, ки то як моҳи дигар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон баргузор ва Карзай қудратро ба ҷонишини худ таҳвил диҳад

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ки Ҳомиди Карзай , раиси ҷумҳури Афғонистон, барои дидори серӯзаи мақомоти срилонкоӣ субҳи имрӯз озими Срилонко шуд.

Дар хабарномаи дафтари раиси ҷумҳур омада, ки оқои Карзай дар ин сафар бо Маҳиндо Роҷпоско, раиси ҷумҳури Срилонко, дидор ва дар бораи густариши равобити ду кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Дафтари раиси ҷумҳури Афғонистон афзуда, ки дар ин сафар руасои ҷумҳури ду кишвар як мувофиқатнома ва се ёддошти тафоҳум дар заминаи омӯзиши олӣ, варзиш, беҳдошт ва истихдоми кормандони фаннии срилонкоӣ дар Афғонистон ба имзо хоҳанд расонд.

Зарор Аҳмпад Усмонӣ, вазири умури хориҷа, Рангин Додфар Сипанто, мушовири амнияти миллӣ, Яҳё Маъруфӣ, мушовири равобити байналмилал, Абдуллоҳ Убайд, вазири омӯзиши олӣ, хонуми Омина Афзалӣ, вазири кор, умури иҷтимоъӣ ва шуҳадову маълулин ва хонуми Сурайё Далел, вазири беҳдошти Афғонистон, раиси ҷумҳур Карзайро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад.

Карзай қарор буд, ки авоили моҳи ҷории хуршедӣ ба Срилонко сафар кунад, вале ба дунболи ҳамлаи маргбори Толибон ба посгоҳи артиш дар Кунар, сафари расмии вай ба таъвиқ афтод.

Бомдоди рӯзи 20 феврал афроди мусаллаҳи мухолифи давлати Афғонистон ба посгоҳи 30 то 35-нафарии артиши Афғонистон дар вулусволии Ғозиободи вилояти Кунар дар шарқ ҳамла карданд, ки 21 сарбоз кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳомиди Карзай дар маросими хоксупории ин сарбозони артиш дар Кобул ширкат накард, ки вокуниши густардаро дар расонаҳои Афғонистон ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дошт.

Матолиби муртабит