Сафари Карзай ба Русия
Image copyrightReutersҲомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, субҳи рӯзи ҷумъаи 7 феврал ба шаҳри Сучии Русия сафар кард.
Ҳадафи ин сафар иштирок дар маросими гушоиши Бозиҳои улампики зимистонӣ дар Сучӣ, воқеъ дар каронаи дарёи Сиёҳ дар Русия аст, ки аз фардо оғоз мешавад.
Дар хабарномаи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ки ба расонаҳо фиристода шуда, омадааст, ки оқои Карзайро ҳайъате аз мақомоти баландрутбаи давлатӣ, аз ҷумла Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ, вазири умури хориҷа ва Рангин Додфар Испонто, мушовири амнияти миллӣ, ҳамроҳӣ мекунад.
Аз аҳдофи дигари сафари оқои Карзай ба Русия, дидору гуфтугӯ бо раисони ҷумҳурии Русия ва Чин ва Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аст.
Ҳанӯз ҷузъиёте дар мавриди меҳвари гуфтугӯҳои раиси ҷумҳурии Афғонистон дар Сучӣ мунташир нашудааст.
Ин сафар ба даъвати расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, анҷом шудааст.
Дар моҳи сентябри соли гузашта дар дидоре, ки Ҳомиди Карзай бо ҳамтои руси худ дошт, дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, хурӯҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон ва равобити ду кишвар гуфтугӯ шуд.
Дар ин музокирот ибрози умедворӣ шуд, ки раиси ҷумҳурии баъдии Афғонистон ҳам равобити худро бо Русия ҳифз кунад.
Оқои Карзай дар авҷи танишҳои сиёсӣ байни Афғонистону Омрико бар сари мувофиқатномаи амниятӣ ба Русия сафар кардааст. Сафари Ҳомиди Карзай ба Русия аз чанд рӯз қабл бар сари забонҳост.
Коршиносони афғон гуфтаанд, ки сафарҳои минтақавии раиси ҷумҳурии Афғонистон ба равобити Афғонистон бо Ғарб беиртибот нест.
Бозиҳои улампики зимистонии Сучии Русия аз фардо оғоз мешавад. Русия вақти зиёдеро барои баргузории ин бозиҳо гузошта ва ҳафтаҳо қабл барои таъмини амнияти Бозиҳои улампики Сучӣ тадобир гирифтааст.
