Ҳушдори Омрико дар бораи қочоқи маводди инфиҷорӣ ба Улампики Сучӣ
Image copyrightAPМақомоти омрикоӣ ҳушдор додаанд, ки маводди инфиҷорӣ, ки дар лӯлаҳои хамири дандон ҷосозӣ мешавад, мумкин аст ба дохили ҳавопаймое, ки ба мақсади Русия, маҳалли баргузории улампики зимистонии имсол парвоз мекунанд, қочоқ шавад.
Мақомоти идораи амнияти миллии Омрико ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ин мавод мумкин аст ба таври мустақим ба Русия ворид шаванд.
Бандари Сучӣ дар соҳили дарёи (баҳри) Сиёҳ дар Русия, имсол мизбони бозиҳои улампики зимистонӣ аст.
Мақомоти омрикоӣ дар айни ҳол таъкид кардаанд, ки онҳо дар ҳоли ҳозир иттилоъоти хос ва мушаххасе дар бораи эҳтимоли таҳдиди манофеъи Омрикоро дар даст надоранд.
Тартиботи амниятӣ бо наздик шудани ин бозиҳо ва бавижа пас аз бумбгузорӣ дар Вулггрод (Волгаград) афзоиш ёфтааст.
Ду бумбгузори интиҳорӣ дар моҳи декабри соли гузашта 34 нафарро дар шаҳри Вулгогрод дар ҷануби Русия куштанд. Давлати Русия ин амалиётро ба гурӯҳҳои таҷзияталаби исломгаро нисбат додааст.
Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти кушторҳои Вулгогродро бар уҳда нагирифт, аммо Дуку Умаров, яке аз раҳбарони шӯришиёни Ҷумҳурии Чечен, аз тарафдорони худ хоста буд, ки мусобиқоти улампики зимистониро ҳадафи ҳамла қарор диҳанд.
Пулиси Русия пас аз ин ҳаводис дар Вулгогрод беш аз 700 нафарро боздошт кард.
Мусобиқоти улампики зимистонӣ қарор аст фардо, 7 феврал, оғоз шавад.
Русия барои амнияти улампики зимистонии Сучӣ яке аз бузургтарин амалиёти амниятӣ дар таърихи баргузории ин бозиҳоро ба иҷро гузоштааст.
Мақомҳои Русия беш аз сӣ ҳазор маъмури пулис ва нерӯҳои вазорати кишварро ба ин минтақа дар соҳили дарёи Сиёҳ эъзом кардаанд.
