Сочӣ: Таъсисоти улампик сохта шуд, муҳоҷирон ронда мешаванд

Дар ҳоле ки то замони оғози бозиҳои улампики зимистонӣ дар Сочӣ андаке бештар аз ду моҳ боқӣ мондааст, мақомоти ин шаҳр талош мекунанд аз ҳузури муҳоҷирони хориҷӣ дар ин шаҳр бикоҳанд.
Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар остонаи бозиҳои улампик садҳо нафар аз муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла атбоъи Тоҷикистон, аз шаҳри Сочӣ берун ронда шудаанд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ахиран дар хиёбонҳои шаҳри Сочӣ, маҳалли баргузории бозиҳои улампики зимистонӣ дар моҳи феврали соли 2014 ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик камтар ба мушоҳида мерасад.
Тайи солҳои ахир теъдоди зиёде аз атбоъи тоҷик барои дарёфти шуғл ва ҳуқуқи муносиб аз Тоҷикистон ба ин шаҳр сафар мекарданд. Аммо дар ин авохир, ба дунболи суханони устондори Краснодар, ки Сочӣ аз тавобеъи он аст, маъмурони интизомӣ ба “шикори” муҳоҷирон, аз ҷумла атбоъи тоҷик, пардохтаанд.
Ин фароянд зоҳиран баъд аз суханони Александр Ткачёв, устондори Краснодар, ки гуфта буд дар мавриди муҳоҷирон дар қаламрави ин минтақа назму инзибот тақвият хоҳад шуд, оғоз шудааст.
Вай аз ҷумла ҳушдор дода буд, ки гурӯҳҳои низомии мавсум ба дастаҳои қаззоқ (казакские полки) дар хиёбонҳо ба бозрасии ҳувияти муҳоҷирон, бавижа атбоъи қафқозитабор мепардозанд ва агар мадорики онҳо мушкил дошта бошад, пас онҳо ихроҷ мешаванд.
Аммо ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, ин суханони оқои Ткачёв навъе доман задан ба хушунатҳои миллигароёна буда ва Шӯрои иҷтимоъии устони Краснодар аз ин наҳваи изҳори назари устондор ба Додситонии кулли Русия шикоят бурдааст.
Воқеъият ин аст, ки дар остонаи баргузории бозиҳои улампики зимистонӣ дар шаҳри Сочӣ теъдоди андаке аз муҳоҷирони кории тоҷик дар ин шаҳр монда ва бештари онҳо аз ҳузур дар хиёбонҳо низ худдорӣ мекунанд.
Семён Семёнов, ҳамоҳангсози барномаҳои созмони “Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, мегӯяд, ки баъд аз ин суханони оқои Ткачёв ниҳодҳои интизомӣ ба боздошти густардаи муҳоҷирон оғоз кардаанд. Онҳо маъмулан бидуни бозрасии асноди муҳоҷирон аз сураташон муҳоҷир будани онҳоро ташхис медиҳанд.
Вай хабар дод, ки муҳоҷирони боздоштшударо бархе авқот ба боздоштгоҳ мебаранд, вале ғолибан дар маҳаллоти мухталифи шаҳри Сочӣ горожҳоеро иҷора карда ва дар он ҷойҳо муҳоҷиронро тӯли чандин шабонарӯз бидуни ғизову об нигоҳ медоранд. Сипас ин афрод ихроҷ мешаванд.
Вай гуфт: “Нахуст ба ман атбоъи Тоҷикистон шикоят карданд. Онҳо дар сохтмони маркази матбӯъотӣ машғули кор буданд. Вале корфармоён ҳуқуқи онҳоро пардохт накарданд."
Оқои Семёнов афзуд: "Ахиран як гурӯҳи 53-нафарии тоҷикон ба ман муроҷиъа карданд. Онҳо барои кормандони таъсисоти улампик маскан месохтанд. Бархе аз онҳо то ҳол мунтазири дарёфти ҳуқуқи худ ҳастанд. Корфармоён дар бораи чунин афрод ба ниҳодҳои интизомӣ хабар дода ва онҳоро ихроҷ мекунанд. Ва аз ин роҳ аз пардохти ҳуқуқи онҳо муъоф мешаванд.”
Оқои Семёнов афзуд, ки сокинони маҳаллӣ омода нестанд мисли муҳоҷирон дар изои дарёфти ҳуқуқи андак кор кунанд. Бидуни ҳузури муҳоҷирон ҳеҷ пешрафте дар ин минтақа имкон надорад.
Як муҳоҷири тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки корфармои пешинаш аз ӯ 270 ҳазор рубли русӣ бидеҳкор шудааст: "Дар ширкате, ки ман кор мекунам, ҳудуди 200 нафар бидуни маъош монданд ва ҳатто додситонӣ наметавонад ба ин мушкил расидагӣ кунад."
Вай ҳамчунин гуфт: “Дар чунин вазъе ҳудуди 40 нафар аз атбоъи тоҷик ночор шуданд ба ватан баргарданд. Ба ин далел, ҳоло дар Сочӣ муҳоҷири тоҷик тақрибан намондааст. Ман феълан кор мекунам ва умедворам, ки ин даъфа ҳуқуқамро бидиҳанд.”
Раҳмон Боймуродов, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки феълан дар Сочӣ кор мекунад, мегӯяд, ки се рӯз қабл ҳамроҳ бо се тоҷики дигар аз шаҳри Краснодар ба Сочӣ рафтааст. Ин афрод дар меҳмонхонае ба сар мебаранд ва корфармоён бамавқеъ барояшон ғизо медиҳанд.
Вай гуфт: “Ба мо қавл доданд, ки барои як рӯзи корӣ 2800 рубли русӣ медиҳанд. Вале то ҳол бо мо қарордод имзо накардаанд. Агар ваъдахилофӣ кунанд, мо водор мешавем, ки ба Краснодар баргардем.”
Дар ҳамин ҳол, масъулони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели андак будани теъдоди кормандони ин ниҳод дар Русия онҳо наметавонанд ба мушкилоти ҳамаи муҳоҷирон расидагӣ кунанд. Зимнан, шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз як то як милюну ним арзёбӣ мешавад.
Шумори дафтарҳои намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия андак аст. Ин ниҳод дар шаҳри Сочӣ дафтаре намояндагӣ надорад. Вале бисёре аз умури сохтмонӣ барои бунёди таъсисоти улампик дар Сочӣ ба василаи муҳоҷирони кории тоҷик анҷом шудааст.
