Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар сонеҳае дар Русия кушта шуданд

  • 6 Ноябр, 2013

Расонаҳои Русия аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар сонеҳае дар шаҳри Маскав, пойтахти он кишвар, хабар додаанд.

Шабакаи телевизиюнии Русия мавсум ба “LifeNews” навишта, ки як мошини “Ҳундай” ду зани тоҷикистониро дар гузаргоҳе вижа барои пиёдагардон зада ва дар натиҷа, ҳар дуи онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин хабари телевизиюнӣ омада, ки ин воқеъа субҳи рӯзи 6 ноябр дар ҷануб-ғарби шаҳри Маскав рух додааст.

Ин хабаргузорӣ асомии ин шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ифшо кардааст ва онҳоро Писта Мавлоназароваи 30-сола ва Шабоҳат Раҳматшоеваи 34-сола муъаррифӣ кардааст.

Пулиси Русия ба “LifeNews” гуфтааст, ки таҳқиқи муқаддамотии воқеъа мушаххас карда, ки Олег Решетников, ронандаи 42-солаи мошин, ба сабаби бад будани вазъи ҳаво натавонистааст мошинро нигаҳ дорад.

Ҳамчунин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ронандаи ин мошин бо суръати баланд дар роҳ ҳаракат мекардааст. Пулиси Русия гуфтааст, ки машғули таҳқиқи ин воқеъа буда ва дар сурати собит шудани нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ парвандаи ҷиноӣ дар робита бо марги ду раҳгузар боз хоҳад кард.