Мушкили дарёфти ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Масоили муҳоҷирати сокинони кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд дар ҷаласаи имрӯзи намояндагони ниҳодҳои муҳоҷирати кишварҳои узви ин созмон дар Минск, пойтахти Белорус баррасӣ хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин ҷаласа Тоҷикистонро Саидғуфрон Абдулло, муъвоини раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва ҳайъати масъулони ин ниҳод намояндагӣ мекунанд.
Ин манбаъ хабар дод, ки ахиран бо мусоъидати кормандони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба се шаҳрванди Тоҷикистон маъош ё ҳуқуқи худро аз корфармоён дарёфт кардаанд.
Аз авоили соли ҷорӣ ба гуфтаи ин манбаъ намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия 115 нафар муҳоҷири тоҷик барои дарёфти маъоши худ муроҷиъа кардаанд.
Чунин омор бо таваҷҷӯҳ ба теъдоди болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи онҳо аз сӯйи корфармоён, хеле андак аст. Бино ба бовари коршиносон дар Русия беш аз як милюн тоҷик кор мекунанд. Аммо маъулони маркази матбӯъотии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, онҳо наметавонанд ба куллия мушкилоти ин афрод расидагӣ кунанд.
Аз сӯйи дигар, дар сойтҳои интернетии Русия матолиби зиёде дар бораи истирдоди муҳоҷирони тоҷик ба ватан бидуни пардохти ҳуқуқ ё маъоши онҳо аз сӯйи корфармоён мунташир мешавад.
