Русияи Муттаҳид: Ҳамаи муҳоҷирони дорои доғи судӣ ихроҷ шаванд

  • 1 Ноябр, 2013
муҳоҷирон
Image caption Ҳизби ҳокими Русия мегӯяд, афроди хориҷие, ки дар ватани худ ҷурме содир кардаанд, дар кишвари хориҷӣ низ ба қонун арҷ намегузоранд.

Намояндагони ҳизби ҳокими “Русияи муттаҳид” дар порлумони Русия дар вокуниш ба ҳаводиси Бирюлево пешниҳод кардаанд, ҳамаи муҳоҷироне ки қаблан дар додгоҳ муҳокима шудаанд, аз кишвар хориҷ шаванд.

Ин муқаррарот то ҳоло нисбати муҳоҷироне ба кор меравад, ки барои ҷиноёти “сангин” ва “бавижа сангин” дар додгоҳ муҳокима ва муҷозот шудаанд.

Намояндагони “Русияи муттаҳид” тарҳи ислоҳот ба қонун “Дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия”-ро рӯзи панҷшанбе ба Думо ворид карданд.

Дар ин тарҳ пешниҳод шудааст, ки ба муҳоҷирони дорои собиқаи ҷиноӣ иҷозатномаи кор дода нашавад ва агар онҳо то ҳоло чунин муҷаввизро дарёфт кардаанд, он санад бекор карда шавад.

Игор Баринов, Вадим Белоусов, Игор Игошин ва Надежда Шайденко дар шарҳи ин тарҳ навиштаанд, ки “Вазъи кунунии қонунгузорӣ созгории чандоне бо аҳдофи сиёсати муҳоҷирати кишвар надорад, зеро мегузорад, афроде, ки дар ватани худ ба ҷурме даст задаанд дар қаламрави Русия бимонанд.”

Муаллифони ин тарҳ афзудаанд, ки таҷруба нишон дода, ки афроди хориҷие, ки дар ватани худ ҷурме содир кардаанд, дар кишвари хориҷӣ низ ба қонун арҷ намегузоранд, “ки ин вазъ паёмадҳои нохуше ба монанди ҳаводиси Берюлев дорад.”

Дар пайи кушта шудани Егор Шербакови 25-сола дар ноҳияи Бирюлевои Маскав дар авосити моҳи ҷорӣ, ки мунҷар ба беназмии сокинони ин минтақа шуда ва чанд тан аз афроди пулис захмӣ шуд, дар ҷомеъаи Русия мавзӯъи иттихози тадобири сахтгирона дар қиболи муҳоҷирони корӣ дубора матраҳ гардид.

Матолиби муртабит